Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.5K photos
246 videos
1.82K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон шудани cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабиниро дар раванди татбиқи қатъномаи Созмони Милал қадами муҳим шумурда, таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии он пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва нигоҳ доштани низомҳои экологии онҳо мебошад.

Дар ин чорабинии муҳими созмондодаи Тоҷикистон, ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассанӣ, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селеста Сауло, ноиби директори генералии ЮНЕСКО хонум Лидиа Брито ва коршиносони созмонҳои дигари бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини Тоҷикистон барои баргузорсозию мизбонии ин чорабинии муҳим ва ҳам барои талошҳои муассири ҷаҳонӣ дар роҳи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Озарбойҷон #Азербайджан #Azerbaijan #COP29

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Иштирок дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиву як қонун имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои маданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ, ба қонунҳо «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида барои рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи табиат, қонунияту тартибот ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #қонун #закон #law

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ

Имрӯз, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №879 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ» ба имзо расид.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, зиёда аз 1400 ташкилоти давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ аз 170 кишвари ҷаҳон узви Иттиҳоди зикршуда мебошанд.
Ин Иттиҳод масъалаҳои вобаста ба ҳифзи гуногунии биологии сайёраро баррасӣ карда, тадбирҳои сиёсӣ ва амалҳоро оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таҳия ва татбиқ менамояд, лоиҳаҳои самти мазкурро дастгирӣ менамояд.
Ҳамчунин, созмони мазкур маълумот дар бораи вазъи табиати кишварҳои гуногун ва рӯйхати намудҳои олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои мухталифи ҷаҳонро барои ҳифзи махсус пешниҳод менамояд.

Указ Президента Республики Таджикистан о присоединении Республики Таджикистан к Международному союзу охраны природы и природных ресурсов

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Ифтитоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ва 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар вилояти Суғд

Бинои таълимӣ бо 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш тарҳи муосир дошта, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба ташаккули донишу маънавиёти хонандагон мусоидат менамояд.
Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сохта шудааст, тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Истаравшан #Istaravshan

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube