Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.5K photos
246 videos
1.82K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиву як қонун имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои маданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ, ба қонунҳо «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида барои рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи табиат, қонунияту тартибот ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #қонун #закон #law

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube