Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.5K photos
246 videos
1.82K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
Мулоқот бо имоми акбари Муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ саҳми ин муассисаи илмию таълимиро дар омода кардани ҳазорон мутахассиси соҳаҳои гуногун ва тарғиби ғояҳои сулҳҷӯёнаву таҳаммулпазирӣ таъкид карданд.
Ишора карда шуд, ки дар шароти имрӯза муттаҳид будани уммати мусулмон хело муҳим аст.
Дар ин замина дарки воқеии ҷавонон аз ҳадафҳо ва рӯҳияи аслии дини ислом, ки ҳамоно таҳаммулпазирӣ, накӯкорӣ ва инсондӯстист, муҳим дониста шуд.

Встреча с Верховным имамом Учреждения “Аль-Азхар” в Египте доктором Ахмадом Ат-Тайибом

Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон в начале встречи подчеркнул вклад этого научно-образовательного учреждения в подготовку тысяч специалистов в различных областях и пропаганду миролюбивых и толерантных идей.
Было отмечено, что в сегодняшних условиях весьма важно, объединение мусульманской уммы.
В этом контексте актуальным было признано реальное осознание молодыми людьми истинных целей и духа исламской религии, суть которой заключается в толерантности, добродетельности и гуманизме.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Озарбойҷон #Азербайджан #Azerbaijan #COP29 #АлАзҳар #АльАзхар #AlAzhar

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава

Таъкид гардид, ки тайи 26 соли ҳамкорӣ Бонк 158 лоиҳаи барои кишвари мо муҳимро дар самти инфрасохтори энергетикӣ ва соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, молия ва маориф маблағгузорӣ кардааст.
Ҷонибҳо таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои коҳиш додани онро муҳокима намуданд.

Встреча с Президентом Азиатского банка развития Масацугу Асагавой

Было отмечено, что за 26 лет сотрудничества банк профинансировал 158 важных для нашей страны проектов в области энергетической инфраструктуры и транспорта, сельского хозяйства, ирригации, финансов и образования.
Стороны обсудили влияние внешних факторов на экономику Таджикистана и поиск путей его снижения.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Озарбойҷон #Азербайджан #Azerbaijan #COP29 #БОР #АБР #ABD

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку

Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку ба кори худ шуруъ намуд.

Дар конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар иштирокдоронро дар макони баргузории ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвари мо ба ҳайси роҳбари давлати пешсаф дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим дар ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи сарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ менамоянд ва ҳам дар чанд чорабиниҳои дигари каноравӣ иштирок ва ибрози андеша хоҳанд кард.

Участие в 29-й Конференции сторон Рамочной конвенции Организации Объединённых Наций об изменении климата в Баку

В Баку начала свою работу 29-я Конференция сторон Рамочной конвенции Организации Объединённых Наций об изменении климата.

В конференции принимают участие Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон, главы 80 государств, Генеральный секретарь Организации Объединённых Наций, руководители правительств и делегации десятков авторитетных международных организаций и ведомств.

Главу нашего государства уважаемого Эмомали Рахмона и других участников форума встретили Президент Азербайджанской Республики Ильхам Алиев и Генеральный секретарь Организации Объединённых Наций Антониу Гутерриш.

Президент нашей страны в качестве ведущего руководителя государства в продвижении глобальных проблем воды и климата одним из первых выступит на открытии саммита уровня глав государств, а также примет участие и выскажет своё мнение в ряде других параллельных мероприятий.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Озарбойҷон #Азербайджан #Azerbaijan #COP29

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Суханронӣ дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку

Зимни суханронӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба масъалаҳои хавфу таҳдидҳои иқлимӣ ва пайомадҳои онҳо ҷалб карда, даъват намуданд, ки ҳамагон талошу амалҳои худро барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ бамаротиб зиёд намоянд.

Выступление на Пленарном заседании 29-й Конференции сторон Рамочной конвенции ООН об изменении климата

Президент нашей страны в качестве руководителя ведущего государства в продвижении глобальных проблем воды и климата одним из первых выступил на открытии саммита глав государств.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Озарбойҷон #Азербайджан #Azerbaijan #COP29

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Иштирок дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблағгузории соҳаи иқлим дар Павилиони Покистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблағгузории соҳаи иқлим, ки дар Павилиони Покистон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон барои ташкили ин чорабинӣ ва даъват ҷиҳати иштирок дар он арзи сипос карданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ҳамаи минтақаҳои дунё, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо мушкилоти ҷиддии тағйирёбии иқлим, ки яке аз сабабҳои асосии ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ мебошад, рӯ ба рӯ шудааст.

Тавре маълум аст, аз таъсири паёмадҳои харобиовари офатҳои табиӣ, дар баробари талафоти ҷонӣ, ба иқтисоди кишварҳо зарари ҷиддии моддиву молиявӣ низ мерасад.

Участие в круглом столе высокого уровня, посвященном теме финансирования климатической отрасли в Павильоне Пакистана

Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в городе Баку Азербайджанской Республики принял участие и выступил на круглом столе высокого уровня, посвященном теме финансирования климатической отрасли, который прошёл в Павильоне Пакистана.

Президент нашей страны уважаемый Эмомали Рахмон вначале своего выступления выразил признательность Правительству Исламской Республики Пакистан за организацию мероприятия и приглашение принять в нём участие.

Было подчёркнуто, что в сегодняшних глобальных условиях все регионы мира, особенно развивающиеся страны, сталкиваются с серьёзными проблемами изменения климата, которое является одной из основных причин возникновения стихийных бедствий.

Как известно, из-за разрушительных последствий стихийных бедствий, наряду с гибелью людей, серьёзный материальный и финансовый ущерб причиняется экономике стран.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Озарбойҷон #Азербайджан #Azerbaijan #COP29

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Иштирок дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки об ва иқлим ҳамбастагии зич доранд ва мудирияту истифодаи оқилонаи об дар раванди ҳалли мушкилоти иқлим нақши калидӣ мебозад.

Участие в церемонии открытия Павильона воды для климата

Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в городе Баку Азербайджанской Республики принял участие и выступил на церемонии открытия Павильона воды для климата.

Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что вода и климат тесно взаимосвязаны и что управление и рациональное использование воды играет ключевую роль в процессе решения климатических проблем.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Озарбойҷон #Азербайджан #Azerbaijan #COP29

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Боздид аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс бо мақсади муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об ва дар ин замина барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии кишвари мо ва ташвиқи сармоягузорон ба тақвияти ҳамкории муассиру босамар омода гаштааст.

Посещение Национального павильона Республики Таджикистан

Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в городе Баку на полях пленарного заседания 29-й Конференции сторон Рамочной конвенции ООН об изменении климата посетил Национальный павильон Республики Таджикистан.

Национальный павильон Республики Таджикистан подготовлен на полях Конференции в целях представления глобальных инициатив Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона по вопросам изменения климата, сохранения ледников и водных ресурсов, и на этой основе привлечения внимания мирового сообщества к уязвимости нашей страны, призыва инвесторов к укреплению плодотворного сотрудничества.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Озарбойҷон #Азербайджан #Azerbaijan #COP29

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон шудани cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабиниро дар раванди татбиқи қатъномаи Созмони Милал қадами муҳим шумурда, таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии он пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва нигоҳ доштани низомҳои экологии онҳо мебошад.

Дар ин чорабинии муҳими созмондодаи Тоҷикистон, ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассанӣ, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селеста Сауло, ноиби директори генералии ЮНЕСКО хонум Лидиа Брито ва коршиносони созмонҳои дигари бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини Тоҷикистон барои баргузорсозию мизбонии ин чорабинии муҳим ва ҳам барои талошҳои муассири ҷаҳонӣ дар роҳи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Озарбойҷон #Азербайджан #Azerbaijan #COP29

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube