Радиои Тоҷикистон
164 subscribers
4.73K photos
147 videos
2 files
6.75K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
23 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба амали мудҳиши террористӣ, ки дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир рух додааст, ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму ва муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Мо ин амалкарди золимонаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони сарҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифтротгароӣ боз ҳам таъкид менамоем.
Ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми Ҳиндустони дӯст изҳор менамоям. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил мехоҳам.

23 апреля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил Президенту и Премьер-министру Республики Индия уважаемым Драупади Мурму и Нарендре Моди телеграмму соболезнования в связи с терактом в районе Джамму и Кашмир.

Мы решительно осуждаем этот чудовищный акт преступных сил и ещё раз подчёркиваем готовность таджикской стороны усилить беспощадную коллективную борьбу против любых проявлений терроризма и экстремизма.
Выражаю свои искренние соболезнования и сострадания Вам, родным и близким жертв этого террористического акта и всему народу дружественной Индии. Желаю всем пострадавшим полного выздоровления.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #Ҳиндустон #Индия #India

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube