САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
432 subscribers
568 photos
93 videos
6 files
89 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони азиз!

Ба самъи Шумо навор аз рафти фестивали "Саводнокии молиявӣ", ки 25 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд, манзур менамоем.

Сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардоред, то ки ба тамоми ҳадафҳои молиявии худ бирасед!
Шаҳрвандони гиромӣ!

Вақтҳои охир аз ҷониби қаллобони молиявӣ чунин паёмҳо зиёд ирсол гашта истодаанд. Ҳеҷ гоҳ ин паёмҳоро накушоед, зеро қаллобон метавонанд ба ҳамёнҳои мобилии Шумо дастрасӣ пайдо намоянд!

Дар хотир доред, ки бехатарии Шумо дар дасти Шумост!

@bank_eskhata
Шаҳрвандони муҳтарам!
 
Таҳлили муроҷиатҳо ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон собит менамояд, ки қаллобони молиявӣ фаъолтар гардида, аз воситаҳои гуногун истифода намуда истодаанд. Аз ҷумла, ба шаҳрвандон занг зада, худро ҳамчун корманди бонк муаррифӣ менамоянд ва барои мушаххас намудани ҳамёни электронӣ маълумоти шахсӣ, ирсол намудани расми шиноснома якҷо бо соҳиби он ва смс-пайёмакҳоро талаб карда, ба ин восита ба ҳамёни электронии мизоҷон дастрасӣ пайдо менамоянд ва маблағҳои онҳоро тасарруф мекунанд.
Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон Шуморо огоҳ менамояд, ки боэҳтиёт бошед ва худро аз чунин амалҳои қаллобони молиявӣ ҳифз намоед.

Бехатарии молиявии Шумо дар дасти худи Шумост.

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон: +992 (44) 600-15-20
Ҳамватанони азиз!

Донистан муҳим аст, ки тибқи банди 1 Моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда дар давоми сӣ рўз ва муроҷиатҳое, ки омўзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рўз аз рўзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд.
Ҳамватанони гиромӣ!

Бо мақсади ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба миён меояд ва барои ислоҳи камбудиҳо дар хизматрасониҳои бонкӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ +(992) 44-600-15-20 фаъолият менамояд.

Муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд.

Телефони боварӣ рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 бо назардошти танаффуси нисфирӯзӣ аз соати 11:30 то 12:30 фаъолият менамояд.
Истиқоматкунандагони ноҳияи Рашт, диққат!

Ба наздикӣ чорабинӣ бахшида ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ баргузор мегардад.

Ин имконияти бениҳоят хуб барои гирифтани маълумот оид ба идоракунии дурусти маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷотҳо ва як қатор маслиҳатҳои молиявии дигар мебошад!
Фестивали саводнокии молиявӣ ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои пешбинишудаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии "Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" баргузор мегардад.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) гузаронида мешавад.

Мақсади баргузории фестивали саводнокии молиявӣ - васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб мебошад.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Шаҳрвандони гиромӣ!

Аз қаллобони молиявӣ эҳтиёт буда, дар хотир доред, ки бехатарии молиявии Шумо дар дасти Шумост!
Дӯстони азиз.

Чанде қабл мо оид ба муҳлати баррасии муроҷиатҳо аз ҷониби мақомоту ташкилоти дахлдор маълумот манзур намудем.

Илова бар ин, мехоҳем ба самъи Шумо расонем, ки тибқи банди 1 Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар ҳолатҳои истисноӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 20 Қонуни мазкур роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор ҳуқуқ дорад, муҳлати баррасии муроҷиатро ба муддати на зиёдтар аз сӣ рўз тамдид намуда, дар инхусус ба муроҷиаткунанда дар муҳлати се рўз хабар расонад.
Дӯстони азиз!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки фестивали Саводнокии молиявӣ 25 июли соли ҷорӣ дар Кохи Фарҳанги шаҳраки Ғарм аз соати 12:00 то 18:00 баргузор мегардад!

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавассути рақамҳои 106554444

Биёед ва сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо мо баланд бардоред!
Дӯстони гиромӣ!

Ба самъи Шумо меҳмонони фестивали "Саводнокии молиявӣ"-ро, ки 25 июли соли ҷорӣ дар Кохи Фарҳанги шаҳраки Ғарм баргузор мегардад, мерасонем.

Биёед ва сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо мо баланд бардоред!

Даромад ройгон аст.
Ҳамватанони азиз!

Ба Шумо баромадкунандагони форуми саводнокии молиявӣ ва мавзуҳое, ки онҳо баррасӣ менамоянд, муаррифӣ менамоем.

Юнуси Бежан - Сардори шуъбаи коркарди иттилооти Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон.
Мавзуи баррасишаванда: "Пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ"

Соҳибов Дилшод - Сармутахассиси шӯъбаи назорати низоми пардохти департаменти низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон.
Мавзуи баррасишаванда: "Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар заминаи технологияҳои муосир"

Буриев Умедҷон - Сардори шуъбаи бозомузӣ ва рушди кормандони КВД БА ҶТ "Амонатбонк"
Мавзуи баррасишаванда: "Муҳиммияти саводнокии молиявӣ"

Қосимов Назирҷон - менеҷери минтақавӣ оид ба рушди тиҷорати ҶСП ТАҚХ "Имон интернешнл"
Мавзуи баррасишаванда: "Саводнокии молиявӣ дар рушди тиҷорат"

Биёед, мо Шуморо мунтазирем!

Даромад ройгон аст.
Саводнокии молиявӣ барои ҳамагон маҳорати муҳим аст!

Омӯзиши идоракунии молияи худ ба шумо кӯмак мекунад, ки аз қарз канорагирӣ кунед ва мустақилияти молиявиро ба даст оред то ки ба ҳадафҳои худ расед.

Таъхир накунед, имрӯз оғоз кунед - асосҳои буҷетсозӣ, сармоягузорӣ ва банақшагирии ояндаи молиявии худро омӯзед.