Дӯстони азиз!
Шуморо 25 июли соли ҷорӣ ба фестивали “Саводнокии молиявӣ”, ки дар Кохи Фарҳанги шаҳраки Ғарм аз соати 12:00 то 18:00 баргузор мегардад, даъват менамоем.
Биёед ва сатҳи саводнокии молиявии худро ҳамроҳ бо мо баланд бардоред!
Даромад ройгон аст!
Маълумоти муфассал тавассути рақами 106554444

📚 ТОП-10 китоб барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ
❓ Кадом амал метавонад сатҳи саводнокии молиявиро баланд бардорад?
❗️Албатта хондани китоб!
✅ Бинобар ин ба Шумо ТОП-10 китоб вобаста ба саводнокии молиявиро пешниҳод менамоем:
📖 «Сам себе финансист», Анастасия Тарасова
📖 «Тайный язык денег», Дэвид Крюгер, Джон Дэвид Манн
📖 «Кошелек или жизнь», Вики Робин, Джо Домингес, Моник Тилфорд
📖 «Психология инвестиций», Карл Ричардс
📖 «Уоррен Баффет. Как 5 долларов превратить в 50 миллиардов», Роберт Хагстром
📖 «Финансовый ежедневник: как привести деньги в порядок», Алексей Герасимов
📖 «Психологические ловушки денег», Гэри Бельски, Томас Гилович
📖 «Квадрант денежного потока», Роберт Кийосаки
📖 «Фрикономика», Стивен Левитт, Стивен Дабнер
📖 «Воля и самоконтроль», Ирина Якутенко
Китобҳои зикршударо мутолиа карда, сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред! 😉

Forwarded from Бонки миллии Тоҷикистон
Баргузории фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳраки Ғарм
Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд 25 июли соли 2024 дар Кохи фарҳанги шаҳраки Ғарм фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид. Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/567745/

Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони азиз!
Ба самъи Шумо навор аз рафти фестивали "Саводнокии молиявӣ", ки 25 июли соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт баргузор шуд, манзур менамоем.
Сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардоред, то ки ба тамоми ҳадафҳои молиявии худ бирасед!

Ҳамватанони азиз!
Оё медонед, ки мақсади асосии саводнокии молиявӣ дар шароити ҳозира – таъмини бехатарии молиявӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, аз ҷумла тавассути:
1. Беҳтар намудани сатҳи дониш ва малакаҳои аҳолӣ, ки барои самаранок истифодабарии захираҳои молиявӣ равона карда шудаанд;
2. Баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ;
3. Баланд бардоштани фарҳанги пасандозкунии аҳолӣ;
4. Муносибати ҷиддии аҳолӣ ҳангоми кор бо ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ;
5. Ҳавасманд кардан ва такмил додани имкониятҳои соҳибкории аҳолӣ;
6. Пайдо намудани дониш ва малакаҳое, ки ба аҳолӣ имконияти муайян намудани амалиётҳои қаллобӣ ва пирамидаҳои молиявиро медиҳанд;
7. Баланд бардоштани масъулияти шахсӣ барои қабули қарорҳои молиявӣ;
8. Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ имконият медиҳад, ки аҳолӣ барои расидан ба мақсадҳои ғарази сиёсии шахсони алоҳида, ҳамчун восита истифода бурда нашавад;
9. Баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ.

Саводнокии молиявӣ, имконият медиҳад, ки молия ва буҷети оилавӣ самаранок идора шуда, эҳтиёҷоти молиявӣ-қарзии худ бидуни гирифтори хавфи зиёдатӣ қонеъ карда шавад.
Аз ҷумла, саводнокии молиявӣ:
• ба кӯдакон имконият медиҳад, хубтар фаҳманд, ки пул чӣ аст, барои чӣ зарураст ва аз куҷо падару модар онҳоро пайдо мекунанд;
• ба ҷавонон – ҳанӯз дар аввали ҳаёти мустақилона захираҳои молиявии худро дуруст ва самаранок истифода бурда, буҷети худро барои ояндаи дур ба нақша гирифта ва бо мақсади сармоягузорӣ намудан нақшаи пасандозии худро тартиб дода, онро ҷамъоварӣ намудан;
• ба одамони сину соли миёна – беҳтар ба нафақа омода шудан, худро бо сарчашмаҳои иловагии даромад таъмин намудан, то ҳангоми ба нафақа баромадан ҳамчун дастгирии иловагӣ хизмат кунанд;
• ба одамони сину соли нафақавӣ – даромадҳои нафақавии худро самаранок истифода бурдан, аз қаллобон ва пирамидаҳои молиявӣ эмин нигоҳ доштан ва аз маҳсулотҳои молиявии ҳозиразамон, аз ҷумла барои нафақахӯрон пешбинишуда истифода бурдан.
Бинобар ин, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардошта, мустақилияти молиявиро ба даст оред!

Душанбе, пешвоз гир!
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба наздикӣ чорабинии бошукӯҳи "Фестивали саводнокии молиявӣ" баргузор мегардад!
Ин имконияти беҳамто барои пайдо намудани маълумот оид ба идоракунии мақсадноки маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷотҳо ва як қатор маслиҳатҳои молиявии дигар мебошад!

This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ҳамватанони азиз!
Маълумоти корт, ҳамёни электронӣ ва дигар маълумои шахсии худро ба шахсони сеюм дастрас насозед!
Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии Шумо дар дасти худи Шумост!

Таваррум (инфляция) ин паст шудани қобилияти харидории пул аст.
Масалан соли гузашта шумо бо 500 сомонӣ 5 килограмм гушт, 5 литр равған ва 5 килограмм картошка мехаридед вале соли ҷорӣ бо ҳамон миқдор пул аллакай 4 килограммӣ молҳои номбаршударо харидеду пулатон тамом шуд. Ин ҷараён таваррум ном дорад.
Таваррум чанд намуд мешавад?
Кам — то 6% дар як сол. Ин таваррум ҳам барои истеъмолкунандагон ва ҳам барои соҳибкорон бароҳат аст. Ва дар айни замон имкон медиҳад, ки иқтисодиёт рушд кунад. Маҳз дар ин сатҳ аксари кишварҳо кӯшиш доранд, ки таваррумро нигоҳ доранд.
Мӯътадил — аз 6 то 10% дар як сол. Ин хатарнок аст, зеро он метавонад аз назорат берун шуда, ба таварруми баланд мубаддал шавад.
Баланд — аз 10 то 100% дар як сол. Он дар бозор ноустуворӣ эҷод мекунад, одамон ва ширкатҳо наметавонанд ояндаи худро ба нақша гиранд.
Гиперинфлятсия — нархҳо садҳо ва ҳазорҳо фоиз меафзоянд, дар ҳолатҳои махсусан вазнин мардум пулро рад мекунанд ва ба мубодила мегузаранд. Одатан, гиперинфлятсия ҳангоми бӯҳронҳои шадид ва ҷангҳо ба амал меояд.
Дефлятсия — ин таварруми манфӣ мебошад. Яъне, нархҳо боло намераванд, баръакс паст мешаванд. Дефлятсия рушди иқтисодиётро бозмедорад. Истеъмолкунандагон ба умеди боз ҳам арзонтар шудани молҳо аз харидорӣ даст мекашанд. Ва ширкатҳо аз ин сабаб маҳдуд кардани истеҳсолот мекунанд.

Фестивали саводнокии молиявӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор карда мешавад.
Мақсад аз баргузории фестивали саводнокии молиявӣ - васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб мебошад.
Ҳадафҳои фестивали саводнокии молиявӣ:
- Ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ;
- Шиносоии иштирокчиён бо хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртавӣ ва омӯзишӣ;
- Пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ.