САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
416 subscribers
599 photos
110 videos
6 files
93 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Семинар дар МТМУ №98-и шаҳри Турсунзода

Рӯзи 20-уми март аз ҷониби Аввалин Бонки молиявии хурд @fmfbtj барои хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98-и шаҳри Турсунзода семинар баргузор карда шуд, ки дар он бо ҳадафи боло бардоштани маърифати молиявии толибилмон оиди “Муҳиммияти пардохти ғайринақдӣ”, “Тарзи истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ”, “Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ” ва “Саводнокии молиявӣ - кафили муваффақият” маълумотҳо дода шуд.
👍1
Семинар дар МТМУ №77-и деҳаи Мавлонҷари боло

Аввалин бонки молиявии хурд @fmfbtj 11-уми март барои хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и деҳаи Мавлонҷари болои ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор семинар баргузор намуд.

Дар семинар бозиҳои ҷолиб ташкил карда шуда ва ба хонандагон дар бораи “Муҳиммияти пардохти ғайринақдӣ”, “Тарзи истифодаи дурусти кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ”, “Пешгирии амалҳои қаллобӣ дар низоми бонкӣ” ва “Саводнокии молиявӣ - кафили муваффақият” маълумотҳои ҷолиб пешниҳод гардид.
🔥2
🌟Дар доираи ҳафтаи Global Money Week 2024, ҶСП "Бонки Арванд" барои хонандагони синфи ҳаштуми МТМУ-и Русия ва Тоҷикистон ба номи А. П. Чехов вохӯрии омӯзиши оиди своднокии молиявӣ гузаронид! 📚

💼 Чорабинии мазкур дар филиали Бонки «Арванд «дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, мактаббачагон бо кори бонк, фаъолияти эксперти қарзӣ, хазинадор-амалиётчӣ, банкомат, дафтарӣ рақами ва Cash in cash out шинос шуданд. 💵

🔹 Тренинг бо мақсади таълим додани наврасон дар оламӣ молия ва рушди малакаҳои зарурӣ барои рафтори аз ҷиҳати иқтисодӣ босавод гузаронида шуд.

https://www.instagram.com/bank_arvand?igsh=dTh4Zmt1aW8ydDkw
🔥3
📚 6 апрели соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Бонки «Арванд» дар ноҳияи Зафаробод тренингҳо оид ба саводнокии молиявӣ баргузор гардид.

💰 Тренингҳо ба ҳафтаи Global Money Week 2024 бахшида шуда, бо иштироки зиёда аз 80 нафар хонандагону омӯзгорони Гимназия №1 ва Литсейи ш.Меҳнатобод гузаронида шуд.

Тренингҳо шавқовар ва пур аз саволу ҷавобҳои ҷолиб гузашт. Дар охир ба ҳамаи иштирокчиён тӯҳфаҳои брендӣ тақдим карда шуд.
👍1🔥1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони азиз!

Ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон Таҳмина Раҷабова Шуморо ба фестивали саводнокии молиявӣ, ки 25 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баргузор мегардад, даъват менамояд!

Даромад ройгон аст!

Биёед, мо Шуморо мунтазирем!
1🔥1
Ҳамватанони азиз!

Фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Данғара хоҳад гузашт.

Шуморо 25-уми апрел дар макони болозикр аз соати 9:00 то 20:00 мунтазирем

Даромад ройгон аст!

Биёед, мо Шуморо интизорем!
2🔥2
Дӯстони азиз!

Махсус барои Шумо ситораи эстрадаи тоҷик - Хайриддини Шариф ба фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Данғара даъват шудааст!

Шуморо 25-уми апрел дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Данғара аз соати 09:00 то 20:00 мунтазирем!

Даромад ройгон аст!

Муфассал: 106554444
👍1
Дӯстони азиз! Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадрафӣ Кароматулло меҳмони фестивали "Саводнокии молиявӣ" дар ноҳияи Данғара мебошад.

Номбурда Шуморо бо сурудҳои дилнишини худ шод гардонида, таъби шуморо болида мегардонад.

25 апрели соли ҷорӣ шуморо дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Данғара интизорем.

Даромад ройгон аст!

Муфассал: 106554444
👍2
Ҳамватанони гиромӣ!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нозияи Кароматулло ба фестивали "Саводнокии молиявӣ" дар ноҳияи Данғара, ки 25-уми апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад, ташриф меорад.

Ӯ ба Шумо сурудҳои беҳтарини худро сароида, як барномаи ҷолиберо пешниҳод менамояд.

Биёед, мо шуморо мунтазирем!

Даромад ройгон аст.

Муфассал: 106554444
Дӯстони азиз!

Ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон Таҳмина Раҷабова Шуморо ба фестивали саводнокии молиявӣ, ки 25 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баргузор мегардад, даъват менамояд!

Даромад ройгон аст!

Биёед, мо Шуморо мунтазирем!
2