Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
25K subscribers
10.8K photos
248 videos
1.86K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
Иштирок ва суханронӣ дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Таджикистан #Tajikistan #Тоҷикистон #Президент #Таджики #Tajiks #Рашт #Rasht

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.

Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарадида машғуланд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расондани кумак ба мардум ва бартараф намудани пасомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳарчи зудтар муайян карда шуда, ба корҳо барои бартараф намудани мушкилиҳои пешомада суръат бахшида шавад.
Тибқи маълумоти то ин лаҳза дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Рашт #Rasht #заминҷунбӣ #землетрясение #earthquake

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.

Ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

15 апреля в соответствии с указаниями Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона пострадавшим от землетрясения в Раштском и Таджикабадском районах направлена продовольственная помощь, хозяйственные товары и строительные материалы.

Процесс ликвидации последствий стихийного бедствия в районах Рашт и Таджикабад, оказание первичной помощи пострадавшим жителям находятся под постоянным контролем и вниманием Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Рашт #Rasht #заминҷунбӣ #землетрясение #earthquake

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Субҳи 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат гузориши раисони ҳарду ноҳия, пеш аз ҳама, доир ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст, шунида шуд. Зикр гардид, ки корҳо, тибқи супоришҳои Пешвои миллат, дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел рухдода, барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони хонаву муассисаҳои нав муташаккилона идома дорад. Раисони ҳарду ноҳия бо арзи сипос ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар пайи расидани кумакҳои саривақтӣ, аз қабили хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, хаймаҳои зист, маводи сохтмонӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва бо ҷалби қувваи кофии корӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои низомӣ бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ хуб идома дорад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Рашт #Rasht #Тоҷикобод #Таджикабад #Tojikobod

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube