Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.8K subscribers
10.7K photos
248 videos
1.85K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
11 апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он нахуст интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд намуданд.
Сипас, кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома ёфт.

11 апреля состоялась первая сессия Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва, в работе которой принял участие и выступил Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон.

После выполнения официальных установок открытия сессии и избрания её рабочих органов состоялись первые выборы руководства Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан. Члены Маджлиси милли тайным голосованием поддержали кандидатуру уважаемого Рустами Эмомали на пост Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Вновь избранный Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан выступил перед собравшимися и принёс присягу на верность государству и народу Таджикистана. Затем работа первой сессии Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва продолжилась под руководством Председателя Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан уважаемого Рустами Эмомали.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #МаҷлисиМиллӣ #Парлумон #МаджлисиНамояндагон #Парламент #MajlisiNamoyandagon #Parliament

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube