Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.5K photos
243 videos
1.82K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025

Соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ, бо ташаббуси бевосита, ҳамчунин таҳти таваҷҷуҳ ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #АмриПрезидент #РаспоряжениеПрезидента

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #АмриПрезидент #РаспоряжениеПрезидента

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2025

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» соли ҳафтум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #АмриПрезидент #РаспоряжениеПрезидента

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube