Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Бӯстон #Бустон #Buston
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Дар маркази ташхису табобатӣ шуъбаҳои амрози асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мавҷуд буда, дар он табибони баландихтисос ва дорои сертификатҳои байналмилалӣ, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмӯъ 50 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.
Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дорои ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, ултрасадоӣ, сабти барқии майнаи сар, инчунин ҳуҷраҳои табобати зарбаи мавҷӣ, томографияи компютерӣ, даруннигорӣ, толори обутоби бадан ва дорухонаи муосир мебошад.
Кормандони маркази навбунёд бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ ташхисҳои рентгени рақамӣ, таҳлили лабораторӣ ва лазерӣ-косметологӣ гузаронида, табобати беморонро бо муми кӯҳӣ, усулҳои барқӣ ва маҳси вакумӣ ба роҳ мемонанд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Бӯстон #Бустон #Buston
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзол дар назди Корхонаи зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд”-и шаҳри Бӯстон
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Бӯстон #Бустон #Buston
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Дар корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, ҳоло 50 намуди пойафзол истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю бачагонаро бо андозаҳои гуногун ташкил медиҳад.
Оянда дар марҳилаи дуюми корхона бошад ба роҳ мондани истеҳсоли таги пойафзол ва васеъ кардани иқтидори тавлидӣ ба нақша гирифта шудааст.
Заргарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофии дастӣ ва истеҳсоли пойафзол самти асосии фаъолияти Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд”-ро ташкил медиҳад. Зимни муаррифии маҳсулоти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба истеҳсолоти босифати рақобатпазир ҷалб намуданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Бӯстон #Бустон #Buston
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ "Технологияи полимерӣ" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БабаджанГафуров #BobojonGhafurov
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Хатти технологӣ аз насли нави дастгоҳҳои соҳавӣ буда, тибқи стандартҳои Аврупо маҳсулот истеҳсол мекунад ва дар минтақа яке аз аввалинҳо мебошад. Бартарияти маҳсулоти корхона низ дар он аст, ки пардаҳои полиэтиленӣ тавассути технологияи навтарини кишварҳои пешрафта истеҳсол карда мешавад. Иқдоми шоистаи соҳибкор дар амалӣ шудани ҳадафи Ҳукумати кишвар дар самти рушди босуръати саноат муҳим маънидод гардид.
Ин навъи маҳсулот барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ ва басту банди масолеҳи саноатӣ пешбинӣ гардидааст.