Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.4K photos
241 videos
1.81K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Таҷҳизоти коргоҳ аз насли нав буда, дар 16 хати истеҳсолӣ насб гардидааст. Технологияи коргоҳ каммасраф буда, 50 фоиз ба таври худкор фаъолият мекунад. Коргоҳи пойафзолбарорӣ дар як сол вобаста ба талабот аз 30 ҳазор то 50 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи аввали ба кор оғоз намудани корхона 20 нафар ба кор ҷалб шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ва масъулони давлатӣ барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин васила то ба 500 адад расондани ҷойҳои корӣ дастуру тавсияҳо доданд. Аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои амалӣ шудани ин ҳадаф ба соҳибкор қарзи имтиёзноки давлатӣ дода шавад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БабаджанГафуров #BobojonGhafurov

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Боздид аз варзишгоҳ бо 7 ҳазор ҷойи нишаст баъд аз таъмиру навсозӣ ва ташкили мактаби футбол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Муассисаи мазкур аз варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, либосивазкунӣ ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар иборат мебошад.
Ҳамзамон дар ин макон мураббиён метавонанд дарсҳои назариявӣ гузаранд. Насби нурафканҳо дар варзишгоҳ имкон медиҳад, ки шомгоҳон низ мусобиқа ва тамринҳо бемамониат доир карда шаванд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БабаджанГафуров #BobojonGhafurov

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва омодагии сокинони вилоятро барои истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар вилояти Суғд бунёду азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст ва аз ин шумора то имрӯз беш аз 8 ҳазору 200 ададаш сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube