Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.7K photos
248 videos
1.85K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
1 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, кишоварзонро ба ифтихори ҷашни Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар тандурустӣ, бахту саодат ва иқболи нек орзу намуданд.

“Ҷашни Сада аз ҷумлаи расму ойинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус, Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад.
Ба ақидаи маъмул номи ҷашни Сада аз рақами сад гирифта шуда, зери ин мафҳум маъниҳои зиёде нуҳуфтаанд”,-қайд намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
1 февраля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон поздравил славный народ Таджикистана, особенно земледельцев, с праздником Сада и пожелал каждой семье страны здоровья, счастья и благих достижений.

«Праздник Сада является одним из древних обычаев предков, унаследованных нами с глубокой древности и неразрывно связанных с другими нашими национальными праздниками, особенно с Международным Наврузом.
Согласно распространённому мнению, название праздника Сада происходит от числа сто (сад), и под этим понятием спрятано множество значений», - отметил Глава государства Эмомали Рахмон.

On February 1, the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation, Honourable Emomali Rahmon, congratulated the glorious people of Tajikistan, especially farmers, on the Sada holiday and wished every family in the country health, happiness and good achievements.

"Sada holiday is one of the ancient customs of our ancestors, inherited by us from ancient times and inextricably linked with our other national holidays, especially with the International Navruz. According to popular belief, the name of the Sada holiday comes from the number one hundred (sad), and many meanings are hidden under this concept," - said the Head of State Emomali Rahmon.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Сада #Sada #UNESCO

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Таъиноти кадрии навбатӣ:

Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон - Муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қосимзода Хайриддин Шарифҷон - Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод - Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул - Ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ТаъинотиКадрӣ #КадровыеНазначения #PersonnelAppointments

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
5 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Девони Имомати Исмоилия дар робита ба даргузашти Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

5 февраля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Дивану Имамата Исмаилитов в связи с кончиной Его Высочества Принца Карима Агахана IV.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ОғохониIV #АгаханIV #AgakhanIV

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия, №962 аз 8 феврали соли 2025

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат муайян намудаанд.
Дар ин робита, моҳи декабри соли 2024 ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони ташкилотҳои дигари буҷетӣ инчунин стипендия ва нафақа зиёд карда шавад.

Указ Президента Республики Таджикистан о мерах по усилению уровня социальной защиты населения, увеличению действующих должностных окладов государственных служащих, работников бюджетных организаций, размеров пенсий и стипендий, №962 от 8 февраля 2025 года

Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон определил вопрос повышения уровня и качества жизни населения как один из первостепенных приоритетов экономической и социальной политики государства.
В связи с этим, в декабре 2024 года на своём очередном Послании с целью продолжения заботы государства о народе страны, дальнейшего повышения уровня благосостояния жителей и укрепления социальной защиты населения поручил с 1 сентября 2025 года увеличить должностные оклады военнослужащих, работников правоохранительных органов, органов власти и государственного управления, учреждений сферы образования, науки, культуры, спорта, здравоохранения, социальной защиты и работников других бюджетных организаций, а также стипендии и пенсии.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фармон #Указ #Decree #маош #нафақа #стипендия #зарплата #пенсия #salary #pension #scholarship

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мукофотонидани 46 ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо

Бо мақсади ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он барои қадршиносии 46 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо 1 787 500 (як миллиону ҳафтсаду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Ин иқдом идомаи қадршиносиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Распоряжение Президента Республики Таджикистан о награждении 46 победителей и призёров международных спортивных соревнований и их тренеров

С целью поощрения победителей и призёров международных спортивных соревнований и их тренеров подписано распоряжение Президента Республики Таджикистан, согласно которому для награждения 46 победителей и призёров международных спортивных соревнований и их тренеров выделено 1 787 500 (один миллион семьсот восемьдесят семь) сомони.
Этот шаг является продолжением признанием достоинств Президентом Республики Таджикистан, Лидером нации уважаемым Эмомали Рахмоном с целью развития спорта и поощрения честолюбивых спортсменов Таджикистана и ещё раз доказывает, что развитие спорта всегда находится в центре внимания Главы государства и Правительства страны.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #АМР #Распоряжение #Order #мукофот #варзиш #ғолибон #ҷоизадорон #мураббиён #award #sport #winners #awardees #coaches

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ», қонунҳо «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ва ба Кодекси андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Подписание ряда законов

В их числе законы Республики Таджикистан «О моратории на проверки деятельности субъектов предпринимательства», «Об органическом производстве», «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О праздниках», «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О государственных услугах» и «О внесении изменений и дополнений в Налоговый кодекс Республики Таджикистан».

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қонунҳо #Законы #Laws

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Таъиноти кадрӣ дар Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисайнзода Назрулло ва ба вазифаи Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд Мирзозода Саидшоҳ Давлат таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, намояндагони низомии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва назди созмонҳои минтақавӣ ва сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони воҳидҳои низомӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъутомҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзида ва соҳибтахассуси низомӣ таъин карда шуданд.



President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъини давлатҳои хориҷӣ

Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арманистон Гевондян Армен Вачикович, Босния ва Гертсеговина Нияз Чардаклия, Малайзия Илҳам Туа бин Иллиас, Подшоҳии Испания Луис Франсиско Мартинес Монтес, Давлати Исроил Гидеон Лустиг, Ҷумҳурии Словения хонум Аленка Сухадолник, Ҷумҳурии Чехия Любомир Фреборт ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Ҷамол Боқир Абдулло эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #сафирон #послы #Ambassadors

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube