Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
24.9K subscribers
10.7K photos
248 videos
1.85K links
Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм

Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад.

Сайт: http://www.president.tj
Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
Download Telegram
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.
2. Моҳҳои апрел-майи соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

Указ Президента Республики Таджикистан об увольнении в запас военнослужащих, отслуживших установленные сроки военной службы и очередном призыве граждан Республики Таджикистан 1998-2007 годов рождения на военную службу

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «Об обороне» постановляю:
1. Уволить в запас в апреле-мае 2025 года из рядов Вооружённых Сил Республики Таджикистан, пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, внутренних войск Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, войск гражданской обороны Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, конвойной бригады главного управления исполнения уголовного наказания Министерства юстиции Республики Таджикистан, аграрного батальона Агентства по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан военнослужащих, выслуживших установленные сроки военной службы.
2. Призвать в апреле-мае 2025 года граждан мужского пола, достигших ко дню призыва 18-летнего возраста, а также граждан старших возрастов Республики Таджикистан, не имеющих права на отсрочку или освобождение от призыва на военную службу, для прохождения службы в ряды Вооружённых Сил Республики Таджикистан, пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, внутренних войск Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, войск гражданской обороны Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, конвойной бригады главного управления исполнения уголовного наказания Министерства юстиции Республики Таджикистан, аграрного батальона Агентства по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Фармон #Указ #Decree

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Боздид аз парваришгоҳи “Кишвари сабз”

Масоҳати замини хоҷагӣ 45 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди он зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ки тухмии онҳо аз дохил ва хориҷи кишвар оварда шудаанд, бо тавсияи олимон кишту парвариш карда мешаванд. Мақсад аз ташкили кор дар хоҷагӣ мутобиқсозии навъу намудҳои гулу бутта ва ниҳоли дарахтон ба иқлими Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки тарзу усули кишт ва парвариши онҳо аз ҷониби мутахассисиони соҳибтаҷриба ба роҳ монда шудааст.

Посещение питомника “Кишвари сабз”

Площадь земель хозяйства составляет 45 гектаров, здесь по рекомендации учёных выращивается свыше 100 видов редких цветов и кустарников, 40 видов декоративных деревьев, семена которых привезены как внутри страны, так и из-за рубежа. Целью проведения работ в хозяйстве является адаптация видов и сортов цветов и кустарников, стволов к климату Таджикистана. В результате способы посева и их выращивания налажены опытными специалистами.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукуҳи 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуданд.

Участие в военном параде по случаю 32-й годовщины образования Вооружённых сил Республики Таджикистан

22 февраля в городе Душанбе Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон и Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустами Эмомали приняли участие в военном параде по случаю 32-й годовщины образования Вооружённых сил Республики Таджикистан.
Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон приветствовал личный состав и поздравил всех с торжественным праздником 32-й годовщины образования Вооружённых сил.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe #ҚувваҳоиМусаллаҳ #ВооружённыеСилы #ArmedForces

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube