Радиои Тоҷикистон
164 subscribers
4.72K photos
147 videos
2 files
6.74K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид - ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барномаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак амалӣ гардид.

28 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Исполнительного директора Детского фонда Организации Объединенных Наций – ЮНИСЕФ Кэтрин Мэри Рассел, которая прибыла в город Душанбе для участия в первой Международной конференции высокого уровня по сохранению ледников.

На встрече были обсуждены вопросы развития сотрудничества Таджикистана с ЮНИСЕФ.
Было подчёркнуто, что за 30 лет сотрудничества с ЮНИСЕФ в Таджикистане реализованы приоритетные программы в области охраны здоровья матери и ребёнка, качественного образования, здоровья молодёжи, реформы социальной политики и защиты детей.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ЮНИСЕФ #UNICEF #ICGP2025 #Glaciers2025 #DushanbeGlaciersConference

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Форум дар мавзуи ''Кишоварзӣ дар замони талафоти пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ, обхезӣ тавассути истихроҷи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо" идома дорад

Дар доираи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”-и шаҳри Душанбе Форум дар мавзуи ''Кишоварзӣ дар замони талафоти пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ, обхезӣ тавассути истихроҷи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо" идома дорад.

Ин форум коршиносону олимон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои гуногунро ҷамъ овардаааст, ки мавзуъҳои заруриро матраҳ намуда истодаанд. Аз ҷумла, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон - Нигина Анварӣ, директори Департаменти ҷангал дар Сардафтари ФАО - Ву Жимин, Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон - Адҳам Мусаллам, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи назди Ҳукумати ҶТ - Ҳотамшо Латифзода ва намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон суханронӣ намуда, дар мавриди таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, обшавии пиряхҳо, таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ, вобастагии обу замин андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ин форум як платформаи хуби тавсеаи ҳамкории коршиносону таҳлилгарон ва омодагӣ ба мутобиқшавӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.

Форум дар Панели “Муносибат ба кӯҳҳо ва пиряхҳо бо дарназардошти захираҳои об, бехатарии озукаворӣ ва васоити таъмини зиндагӣ", ва мизи гирд дар мавзуи “Шарикӣ барои кӯҳҳои солим-сафарбар кардани ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои муқовимат ба иқлим дар экосистемаҳои куҳӣ ва пиряхҳо" идома хоҳад кард.

Шоистаи Аҳмад,
радиои “Точикистон”