Радиои Тоҷикистон
164 subscribers
4.72K photos
147 videos
2 files
6.74K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Видеолавҳа аз маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ дар намоишгоҳи маъруфи «Artechhouse»-и шаҳри Ню-Йорк.

Видеоролик с церемонии открытия цифровой выставки на известной выставочной площадке “Artechouse” в Нью-Йорке.

Short video of the opening ceremony of the digital exhibition at the renowned «Artechouse» venue in New York City.
@RustamEmomali
🇭🇺 Бори нахуст: Таъсиси ду озмоишгоҳи бонуфуз барои санҷиши пирях ва об

Бори нахуст имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду озмоишгоҳи бонуфуз, Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи сифати об, санитария ва изотопҳои Маркази омӯзиши пиряхҳои Академия миллии илмҳо дар заминаи Маркази омӯзишии пиряхҳои Академия миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд.
🏹 Озмоишгоҳҳои мазкур бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар заминаи Маркази омӯзишии пиряхҳои Академия расман ба фаъолият оғоз намуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз аз намояндагони 20 кишвари узви Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЕ), аз Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академия миллии илмҳои Тоҷикистон» дидан намуданд. Президенти АМИТ Қобилҷон Хушвақтзода бо иштироки олимону коршиносони академия ва намояндагони вазорату идораҳои марбута фаъолияти Озмоишгоҳи Низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистонро расман оғоз намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва олимон ёдовар шуданд.
Зикр гардид, ки Озмоишгоҳи низоми миллии иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксҳои моҳворагии сифати баланд ва дақиқияти болои пиряхҳоро таҳқиқ намуда, масоҳати онҳоро дар давраи интихобшуда барои ҳар як ҳавзаи пиряхӣ муайян менамояд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар озмоишгоҳи мазкур равандҳои динамикаи пиряхҳои набзонии Тоҷикистон ва кулҳои пиряхӣ таҳқиқ шуда, моделронии ташаккулёбӣ ва таназулёбии пиряхҳо муаян карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки фаъоляти озмоишгоҳҳо қадами нахустин дар роҳи ташкил намудани Низоми миллии иттилоотии пиряҳои Тоҷикистон маҳсуб мегардад, ки пас аз таҳияи комил он дар раванди истеҳсолот татбик гардида, идоракунии минбаъдаи он ба ихтиёри мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дастрас мегардад.
✏️Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍1
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
1