Радиои Тоҷикистон
164 subscribers
4.72K photos
147 videos
2 files
6.74K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ роҳбарони вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва фаъолони ноҳияи Данғара иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Данғараро натиҷагирӣ карда, вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро таҳлил намуданд.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Данғара #Дангара #Danghara

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо бо ибрози таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беш аз пеш Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат зимни суҳбат ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистонро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи саъю талошҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ карданд.
Президентҳо, ҳамчунин, барномаи мулоқоту вохӯриҳои дарпешистодаи дуҷонибаву бисёрҷонибаи сатҳи олии ду кишварро ҳамоҳанг намуданд.


17 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон, провел телефонный разговор с Президентом Республики Казахстан уважаемым Касым-Жомартом Токаевым.

Глава нашего государства с пожеланиями здоровья и больших успехов тепло поздравил Президента Республики Казахстан с днем рождения.
В ходе беседы Лидер нации, отметил позитивную динамику таджикско-казахстанских отношений стратегического партнёрства и союзнического взаимодействия.
Была выражена готовность сторон к продолжении совместных усилий в этом направлении.
Президенты также согласовали график предстоящих двусторонних и многосторонних встреч на высшем уровне.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Қазоқистон #Казахстан #Kazakhstan

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube