Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли мудаввар дар мавзуи "Ҷойгоҳи стратегии шаҳри Душанбе дар рушди тамаддун ва иқтисоди миллӣ" баргузор гардид.
Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайидалӣ хабар дод, чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар чорабинӣ коршиносон ва таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегии кишвар иштирок намуда, дар мавзуҳои гуногун аз ҷумла рушду инкишофи шаҳри Душанбе дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши он дар муаррифии давлат ва маркази илму маърифат будани пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе маърӯзаҳо пешниҳод карданд.

Forwarded from VarzishTV (Faridun Safarzoda «FS»)
Аз 20 –ум то 29 –уми апрел дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бори аввал Чемпионати Осиёи Ғарбӣ байни кӯдакон ва наврасон оид ба шоҳмот баргузор мешавад. Ин як чорабинии муҳими варзишӣ аст, ки беҳтарин шоҳмотбозони ҷавонро аз минтақа ҷамъ меорад.
Зиёда аз 400 нафар аз 13 кишвар — аз ҷумла Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва дигар кишварщо ба Душанбе меоянд. Онҳо барои гирифтани ҷоизаҳо ва нишон додани маҳорати худ рақобат мекунанд.
Чемпионатро FIDE, Федератсияи шоҳмоти Осиё ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ташкил мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Кохи Олимпӣ шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❤1