Радиои Тоҷикистон
161 subscribers
4.78K photos
147 videos
2 files
6.77K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бар асари заминларзаи имрӯз дар 17 хона ва як мактаб қисман хароб шудаанд.

Ба маълумоти манбаъ, маркази заминларза дар 160 километрии Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рашт буд.

Иқтидори он дар марказ 5 ва дар Душанбе 4 дараҷа арзёбӣ гардид.
Имрӯз барои аввалин маротиба дар Тоҷикистон Бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронӣ "Eliminator Mountain" доир
гардид, ки то ҳол идома дорад.
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи велосипедронии кишвар дар маркази
пойтахт, дар назди МД Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, ки ба иттилои масъулин дар он зиёда аз 60 варзишгар, аз 40 кишвари дунё иштирок доранд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа оммавигардонии дучархаронӣ
дар кишвар ва дарёфти чеҳраҳои наву ҷалби сайёҳон гуфта мешавад.
Рустам Зоирзода,
радиои "Тоҷикистон"