Радиои Тоҷикистон
162 subscribers
4.76K photos
147 videos
2 files
6.77K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
31 март муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» иборат аз барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар пешкаш гардид, иштирок намуданд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #TjKgUz

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
31 марти соли 2025 дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон дар доираи анъанаҳои неку мардумсолории миллати тоҷик, ки аз таърихи ҳазорсолаи муносибатҳои неку ҳасана ва ҳамзистии осоишта бо ҳамсоягон сарчашма мегирад, руйдодҳои басо тақдирсозу хотирмон сурат гирифт.

Бо иродаи бузурги сиёсӣ ва дипломатияи сатҳи байналмиллалӣ байни се давлати ҳамсоя- Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон басо рӯзи таърихӣ гардид. Дар як рӯз якчанд масълаҳое, ки барои ҳарсе давлати ҳамсоя ва кулли минтақа аҳамияти бузурги таърихӣ доранд, ҳалли худро пайдо намуданд.

Имзо шудани санади таърихиву ояндасози масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, муайян гардидани нуқтаи васли сарҳадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Узбекистон ва пайвастани хатти интиқоли барқи баландшиддати барқии 500 киловолтаи қитъаи Датка-Суғди КАСА-1000, ки Оисиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои ин рӯзи таърихӣ шуд.

Ин нуктаи басо муҳим зимни мулоқотҳои дуҷониба ва сеҷонибаи сарони ҳарсе давлати ҳамсоя - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва ҳамчунин зимни ҳама чорабиниҳои дигари ин рӯз бо хушнудию қаноатмандӣ таъкид гардид.

Бояд махсус хотирнишон намуд, ки ташаббускори асосӣ ва нахустини бунёди хатти барқии баландшиддати КАСА-1000 Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Ин лоиҳаи бузург ва камназири минтақавӣ ҳамроҳ бо неругоҳи тақдирсози Роғун, ки эҳёгари бунёди он низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, кишвари моро натанҳо ба истиқлоли энергетикӣ мерасонанд, балки ба як содиркунандаи бузурги неруи барқ дар минтақа табдил хоҳанд дод.
Шоми 31 март пас аз иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳои Қирғизистону Узбекистон муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Хуҷанд баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона гусел намуданд.

Вечером 31 марта, после участия в культурных мероприятиях в честь Международного праздника Навруз и завершения рабочего визита в Республику Таджикистан, главы государств Кыргызстана и Узбекистана уважаемый Садыр Жапаров и уважаемый Шавкат Мирзиёев вернулись из города Худжанда.

В международном аэропорту Худжанд высокопоставленных гостей проводил Президент Республики Таджикистан, Лидер нации Эмомали Рахмон.


#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #TjKgUz

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
1 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғоз бахшидан ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъданҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар рӯзҳои 29-30 март натиҷагирӣ карда, оид ба вазъи корҳои созандагӣ ва рушди соҳаи саноати кишвар бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилояти Суғд 680 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ бунёд ёфта, ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят мунтазам афзоиш ёфта, соли 2024 ба 30,4 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020-ум ду баробар зиёд мебошад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БободжонГафуров #BobojonGafurov

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube