Радиои Тоҷикистон
161 subscribers
4.79K photos
147 videos
2 files
6.78K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
31 март Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд меҳмони воломақомро ба нишони накуҳамсоягӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

31 марта Президент Республики Узбекистан уважаемый Шавкат Мирзиёев прибыл в город Худжанд Согдийской области для трёхсторонних встреч и переговоров глав государств Таджикистана, Кыргызстана и Узбекистана, участия в праздновании Международного Навруза и других совместных мероприятиях.

В международном аэропорту Худжанда, в знак отношений добрососедства и традиций гостеприимства, высокого гостя встречал Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Узбекистон #Узбекистан #Uzbekistan

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
31 март баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор шуд.

Санади мазкур дар ҳузури сарони давлатҳо аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид.

31 марта после завершения встречи в формате “тет-а-тет” уважаемого Эмомали Рахмона и уважаемого Шавката Мирзиёева, которая проходила в атмосфере дружбы и братства, здесь же состоялась церемония подписания и обмена важным историческим документом - протоколом об обмене Ратификационными грамотами договора между Республикой Таджикистан и Республикой Узбекистан о союзнических отношениях.

Указанный документ был подписан в присутствии глав государств министрами иностранных дел Таджикистана и Узбекистана.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Узбекистон #Узбекистан #Uzbekistan

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
31 март дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони воломақомро самимона истиқбол намуданд ва маросими аксбардории муштараки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор гардид.

31 марта в древнем городе Худжанд состоялась трёхсторонняя встреча глав государств Республики Таджикистан, Кыргызской Республики и Республики Узбекистан.

Перед началом состоялось теплое приветствие высоких гостей Президентом Республики Таджикистан, Лидером нации уважаемым Эмомали Рахмоном и прошла церемония совместного фотографирования глав государств Таджикистана, Кыргызстана и Узбекистана.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #TjKgUz

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
31 март пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баргузор гардид.

Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.

31 марта после завершения трехсторонних переговоров состоялась церемония подписания Договора между Республикой Таджикистан, Кыргызской Республикой и Республикой Узбекистан о точке стыка государственных границ трёх стран.

Важные исторические документы – Договор между Республикой Таджикистан, Кыргызской Республикой и Республикой Узбекистан о точке стыка государственных границ трёх стран и Худжандская декларатсия о вечной дружбе были подписаны в торжественной обстановке главами государств уважаемыми Эмомали Рахмоном, Садыром Жапаровым и Шавкатом Мирзиёевым.


Телеграм канал Президента Кыргызстана
Телеграм канал Президента Узбекистана
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #TjKgUz

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube