Радиои Тоҷикистон
161 subscribers
4.8K photos
147 videos
2 files
6.78K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
30 март дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин корхонаи муштараки истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ Афранг Пластикро мавриди истифода қарор доданд.

Корхона дар 1 сол имкон дорад то 6 ҳазор тонна маҳсулоти пластикӣ омода намояд. Ин иқтидор баъд аз 3 соли фаъолият солона ба 8 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 150 нафар расонда мешавад. Ҳоло дар корхонаи мазкур 100 коргар маҳсулоти тайёри пластикӣ ва алюминӣ мутобиқ ба талаботи стандарти аврупоӣ истеҳсол менамоянд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Хуҷанд #Худжанд #Khujand

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
30 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони Наврӯзро баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии Наврӯз барои 300 кӯдак бо 45 ҷойи корӣ пешбинӣ гардида, дар он 7 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БободжонГафуров #BobojonGafurov

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази саломатӣ аз 7 ҳуҷра ва қабулгоҳ иборат буда, дар он шуъбаҳои таваллуд, хатна, табобати дандон, таҳлилгоҳ, сузангузаронӣ ва ҳуҷраи духтури тибби оилавӣ мавҷуд аст.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БободжонГафуров #BobojonGafurov

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Саховатро ифтитоҳ карданд.

Иқтидори корхонаи мазкур парвариши 80 ҳазор сар мурғи тухмдеҳ буда, дар як шабонарӯз дар он 65 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Зарфияти истеҳсолӣ дар ин корхона устувор буда, қарор аст, дар оянда нигоҳубини 130 ҳазор мурғи тухмдеҳ ба роҳ монда шавад.