Радиои Тоҷикистон
161 subscribers
4.79K photos
147 videos
2 files
6.78K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
30 март дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин корхонаи муштараки истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ Афранг Пластикро мавриди истифода қарор доданд.

Корхона дар 1 сол имкон дорад то 6 ҳазор тонна маҳсулоти пластикӣ омода намояд. Ин иқтидор баъд аз 3 соли фаъолият солона ба 8 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 150 нафар расонда мешавад. Ҳоло дар корхонаи мазкур 100 коргар маҳсулоти тайёри пластикӣ ва алюминӣ мутобиқ ба талаботи стандарти аврупоӣ истеҳсол менамоянд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #Хуҷанд #Худжанд #Khujand

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
30 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони Наврӯзро баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии Наврӯз барои 300 кӯдак бо 45 ҷойи корӣ пешбинӣ гардида, дар он 7 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БободжонГафуров #BobojonGafurov

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube