Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба ҷашни 100-солагии мунаққид ва адабиёти халқии тоҷик Соҳиб Шуҳратевич Табаров омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд, ки моҳи октябри соли ҷори бо иштироки раиси Вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сокинони ҷамоатҳо ва меҳмонони дуру наздик таҷлил карда мешавад.
Тавре корманди Ганҷинаи нақди адабӣ Меҳроб Табаров иттилоъ дод, устод Соҳиб Табаров зиёда аз 850 асару мақола ва китоби илмӣ рӯйи чоп бароварда, дастраси хонандагон гардонидааст.
Имрӯз аҳолии ноҳия ва меҳмонон аз китобҳои навиштаи ӯ истифода мебаранд. Айни ҳол дар бинои Ганҷинаи устод Соҳиб Табаров корҳои таъмирию азнавсозӣ ба роҳ монда шуда, тасмим гирифтанд, то арафаи ҷашн корҳои азнавсозии биноро ба итмом расонанд.
Сулаймон Холов,
радиои "Тоҷикистон"