Баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" дар Рӯдакӣ
Дар рӯзи дуюми даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" ки дар Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуда истодааст, 547 нафар хонанда иштирок менамоянд.
Иштирокчиён аз ҳашт шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тибқи 7- номинатсия донишу маҳорати худро месанҷанд. Тибқи иттилои масъулин шаффофияти озмун дар сатҳи зарурӣ таъмин мебошад.
Дар озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" иштирокчиён бо дониши баланд ва навовариҳои худ бори дигар собит сохтанд, ки онҳо аз илму дониши муосир баҳравар ҳастанд. Натиҷаи қобилияти баланди зеҳнӣ ва донишу ҷаҳонбинии иштирокчиён дар намунаҳои ихтироъ ва навовариашон баръало эҳсос мегардид.
Ногуфта намонад, ки озмуни мазкур аз 16-уми сентябр оғоз ёфта, то рӯзи 20-уми сентябр идома меёбад.

Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба ҷашни 100-солагии мунаққид ва адабиёти халқии тоҷик Соҳиб Шуҳратевич Табаров омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд, ки моҳи октябри соли ҷори бо иштироки раиси Вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сокинони ҷамоатҳо ва меҳмонони дуру наздик таҷлил карда мешавад.
Тавре корманди Ганҷинаи нақди адабӣ Меҳроб Табаров иттилоъ дод, устод Соҳиб Табаров зиёда аз 850 асару мақола ва китоби илмӣ рӯйи чоп бароварда, дастраси хонандагон гардонидааст.
Имрӯз аҳолии ноҳия ва меҳмонон аз китобҳои навиштаи ӯ истифода мебаранд. Айни ҳол дар бинои Ганҷинаи устод Соҳиб Табаров корҳои таъмирию азнавсозӣ ба роҳ монда шуда, тасмим гирифтанд, то арафаи ҷашн корҳои азнавсозии биноро ба итмом расонанд.
Сулаймон Холов,
радиои "Тоҷикистон"