Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои мамлакат Иди тарбуз, харбуза ва каду доир гардид.
Дар он кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза ва кадуро ба намоиш-фурӯш гузоштанд.
Мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва мубодилаи таҷрибаи якдигар дар парвариши ин маҳсулоти полезӣ мебошад.
Дар мамлакат имсол баргузории зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шуда, таҷлили ин гуна идҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.

Шоми дирӯз дар театри опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби санъаткорони Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи консертӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ҳунармандони ин кишвар санъати зебоӣ рақс, навозандагӣ ва сурудҳои динишин пешниҳод карданд.
Дар оғози барномаи консертӣ Обидҷон Назариён муовини вазири фарҳанги мамлакат суханронӣ карда, иброз намуд, ки бо дастгирӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев қариб дар ҳама соҳаҳо ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст ва мо умедворем, ки баргузории чунин барномаҳрои фарҳанги дустии ҳарду ин кишварро боз мустаҳкамтар мегардонад.