Радиои Тоҷикистон
163 subscribers
4.73K photos
147 videos
2 files
6.75K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои мамлакат Иди тарбуз, харбуза ва каду доир гардид.

Дар  он кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза ва кадуро ба намоиш-фурӯш гузоштанд.

Мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва  мубодилаи  таҷрибаи якдигар дар парвариши ин маҳсулоти полезӣ мебошад.
Дар мамлакат имсол баргузории  зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шуда, таҷлили ин гуна идҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар  таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.