Радиои Тоҷикистон
161 subscribers
4.85K photos
148 videos
2 files
6.83K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим идома дорад. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути 20 мошин кумаки моддӣ фиристода шуд.
Кумакҳои фиристодашуда наздики 470 тонна маҳсулоти ғизоӣ ва сохтмониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ҷойи ҳодиса зиёда аз 20 техникаи таъиноти гуногун кор карда истодааст.
Ҳамзамон, дар мавзеи офати табиӣ бештар аз 400 нафар мутахассисон, кормандони сохторҳои дахлдор ва шаҳрвандон барои бартарафкунии хисорот шабонарӯзӣ кӯмак расонида истодаанд.
Барои ба таври фаврӣ бартараф кардани зарарҳои офати табиӣ ва пешгирии хисороти минбаъда иловатан 200 нафар аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда мешаванд.
👍1
🏅 Як қадами дигари Рассадин барои медали Бозиҳои олимпӣ боқӣ мондааст 👀
Гӯштингирӣ тоҷик Виктор Рассадин (-74 кг) дар даври нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж -2024 бо паҳлавони ӯзбек Разамбек Жамалови 26 сола нерӯ месанҷад 🤼
Жамолов дар даври нимниҳоӣ бо ҳисоби 6:5 муқобили Чермен Валиев аз Албания зафар ёфт. Валиев яке аз рақибони сарсахт барои Рассадин маҳсуб мешуд.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНГИРӢ