Радиои Тоҷикистон
164 subscribers
4.71K photos
147 videos
2 files
6.73K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
Ташрифи Ван И ба вазорати корҳои хориҷӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
  Баъд аз маросими аксгирии якҷоя мулоқоти як ба яки вазирони хориҷии Тоҷикистону Чин сурат гирифта истодааст.
Мулоқоти ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Чин

Имрӯз баъд аз мулоқоти як ба яки вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, вохӯрии ҳайатҳои васеи ду кишвар сурат гирифт. Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И аз рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва ба марҳилаи нав ворид шудани  он, бо қаноатмандӣ ёдовар шуданд.
Баъд аз дидори ҳайатҳо, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.
Аз шунидани хабари нишасти изтирории чархбол бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш сахт нигарон ҳастем. Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи махсус натиҷаҳои ҷустуҷӯи он чархболро пайгирӣ мекунад. Мо умед бар он дорем, ки Раисҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳаш сиҳату саломат ҳастанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани тамоми кумакҳои лозима ба кишвари дӯсту бародар изҳори омодагӣ менамояд.
Мо дар канори Эрон ва мардуми онем.
Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, вобаста ба ташкил намудани чорабинии фарҳангӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Сегодня в зале Исполнительного органа государственной власти города Душанбе, под руководством заместителя Председателя города Душанбе Одилзоды Дилбар, состоялось рабочее совещание, связанное с организацией культурного мероприятия, посвященного Дню молодежи Tаджикистана в городе Душанбе.

Today in the hall of the Executive body of state authority of Dushanbe city, under the leadership of deputy Chairman of Dushanbe city Odilzoda Dilbar, a working meeting related to the organization of the cultural event dedicated to the Day of Youth of Tajikistan in the city of Dushanbe has been held.
https://t.me/RustamEmomali