Радиои Тоҷикистон
165 subscribers
4.69K photos
147 videos
2 files
6.72K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
Имруз дар ноҳияи зебоманзари Данғара мусобиқаи анъанавӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид, ки дар он наздики 100 паҳлавони беҳтарини кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Русия ва Қирғизистон ширкат намуданд. Мусобиқа бо шукӯҳу шаҳомати баланд ва рақобатҳои диданӣ доир шуд, ки тантанаи иди гуштини миллӣ эҳсос мегардид. Нерӯсанҷиҳо дар 3 вазн, - 65, - 86 ва + 86 кило роҳандозӣ шуда буд.  Бо гузашти 5 соат ин мусобиқа ба анҷом расид ва беҳтаринҳо сазовори нишон ва мукофоти молӣ шуданд.

Ғолибони мусобиқаи гӯштини Данғара 2024:

Вазни 65 кг
🥇 Сӯҳроб Боқиев (Тоҷикистон)
🥈 Хайрандеш Муродзода (Тоҷикистон)
🥉 Артём Штурбабин (Узбекистон)
🥉Сорбон Латифов (Тоҷикистон)

Вазни 86 кг
🥇Аҳрор Зиёдуллоев (Узбекистон)
🥈Самандарбек Садиров (Узбекистон)
🥉Умар Бозоров (Узбекистон)
🥉 Муҳаммадҷон Лоиқов (Тоҷикистон)
Вазни +86 кг
🥇 Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)
🥈 Муҳсин Исомиддинов (Узбекистон)
🥉 Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
🥉Антон Брачов (Русия)

Маврид ба зикр аст, ки ғолибони вазнҳо бо маблағҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҷои якум 5 000 доллар, ҷои дуюм 3 000 ва ҷои сеюм 1 500 доллари амрикоӣ.

Лозим ба ёдоварист, ки имсол дар Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон аз риштаи Гуштингирӣ ба нақша гирифта шудааст ва умедворем, ки аввалин Чемпионати ҷаҳон хотирмон хоҳад гузашт.
Некруз Саторов
Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс бо директори департаменти фурӯши хориҷии “Rexgen co LTD” баргузор гардид.

Сегодня, в зале Исполнительного органа государственной власти города Душанбе, состоялась встреча заместителя Председателя города Душанбе Саидзоды Фирдавса с директором департамента внешних продаж компании «Rexgen co LTD».

Today, in the hall of the Executive body of state power of Dushanbe city the meeting of the deputy Chairman of Dushanbe city Saidzoda Firdavs with the director of external sales department of "Rexgen co LTD" has taken place.
https://t.me/RustamEmomali