Радиои Тоҷикистон
161 subscribers
4.79K photos
147 videos
2 files
6.78K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаи ҳавоии ба Консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ш. Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия расонидашударо, ки дар натиҷаи он чандин нафар кушта ва захмдор гаштаанд, қатъиян маҳкум менамояд.

Мо чунин амалҳоро, ки вайрон кардани ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла конвенсияҳои Вена мебошанд, комилан ғайри қобили қабул мешуморем.
Имрӯз, 3-юми апрел соли 2024 бо ибтикори Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи тоҷик" вобаста ба вазъияти бӯҳронии таьминоти барқ дар ҷумҳурӣ як гурӯҳи журналистон аз обанбори Нерӯгоҳи барқи “Норак” дидан намуданд.
Масъулони ин нерӯгоҳ иттилоъ доданд, ки имсол бо сабаби кам будани захираи боришот ва хунук омадани баҳор маҷрои дарёи Вахш хеле кам аст.
Тавре мушоҳида шуд, воқеан сатҳи об хеле паст буда, ба нуқтаи ниҳонии лоиҳавӣ наздик шуда истодааст.
Соли 2023 дар ин шабонарӯз сатҳи обанбор нисбат ба имсол 5 метру 7 сантиметр баланд буд.
Айнӣ замон сатҳи обанбор дар нуқтаи 857 метру 65 сантиметр қарор дорад. 52 метру 35 сантиметр сатҳи об кам шудааст.

Наҳтутӣ Алиева