Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
7 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Forwarded from Радиои Фарҳанг / Radio Farhang / رادیو فرهنگ
ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе.07.03.2024. Модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад.
Ин мавҷуди муқаддас дар тӯли умри худ бори гарони зиндагӣ ва тамоми вазниниҳои рӯзгорро аз тарбияи фарзанд сар карда, то танзиму сариштаи ҳаёти оила ба дӯш дорад ва илова бар ин, дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаву давлат ва иҷрои вазнинтарин корҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату сохтмону кишоварзӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзад.
Бо дарназардошти он, ки занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст.

👍1