Радиои Тоҷикистон
166 subscribers
4.69K photos
147 videos
2 files
6.71K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Чанд лаҳза пеш Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.


Тавре ҳамкорамон Фирӯз Каримзода аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мустақиман гузориш медиҳад, меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад ҳамкорамон Мансур Шоҳиён.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.