Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт Корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Гардиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, бо маблағи 45 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ва кӯдакона ба роҳ монда шудааст. Либосҳои зебову шинами коргоҳ аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон духта мешавад. Корхонаи навбунёд дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Ҳоло шумораи коргарон дар фабрикаи дӯзандагӣ 210 нафарро ташкил дода, бо пурра ба кор пардохтани иқтидори лоиҳавии он шумораи онҳо ба 400 нафар расонида мешавад.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Душанбе #Dushanbe
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Маркази Душанбеи нозанин аз равзанаи “Хонаи Радио”.
Аксҳо аз Муҳаммад Маъруфзода
Аксҳо аз Муҳаммад Маъруфзода
❤1