Радиои Тоҷикистон
161 subscribers
4.79K photos
147 videos
2 files
6.78K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
1 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғоз бахшидан ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъданҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар рӯзҳои 29-30 март натиҷагирӣ карда, оид ба вазъи корҳои созандагӣ ва рушди соҳаи саноати кишвар бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилояти Суғд 680 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ бунёд ёфта, ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят мунтазам афзоиш ёфта, соли 2024 ба 30,4 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020-ум ду баробар зиёд мебошад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БободжонГафуров #BobojonGafurov

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
1 апрел бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта шуд.

Корхонаи мазкур ҷиҳати истихроҷ ва коркарди маъдани оҳану дигар маъданҳои ҳамроҳ ва истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат аз он бо сармояи ватаниву хориҷӣ бунёд ва бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад. Танҳо захираи маъдани оҳан дар ин кон наздики 60 миллион тонна мебошад. Корхона дар ду марҳила бунёд ёфта, марҳилаи аввали он то соли 2027 ва дуюмаш то соли 2031 ба кор дароварда мешавад. Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд. Ҳаҷми маъдани оҳан дар хока 62-65 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин кон ҳамчунин, дигар маъданҳои сиёҳ ва рангаи ҳамроҳ истеҳсол хоҳад шуд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd #БобоҷонҒафуров #БободжонГафуров #BobojonGafurov

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube