Радиои Тоҷикистон
162 subscribers
4.81K photos
147 videos
2 files
6.79K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз субҳи имрӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд» аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 200 нафар, аз ҷумла 53 нафар зан, 147 нафар мард ва 27 нафар ноболиғон озод карда шуданд. Аз ҷумла, аз муассисаи ислоҳии 3/6 (низоми умумии ноҳияи Ёвон) 98 нафар, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояткории муассисаи ислоҳии 3/4 22 нафар, муассисаи ислоҳии 3/8 (занона дар шаҳри Норак) 53 нафар ва аз муассисаи тарбиявии 3/12 (ноболиғон) 27 нафар озод карда шуданд.
Манбаъ: АМИТ "Ховар"
1
Дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд.