Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба Ҷудо миёни наврасон идома дорад.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа рақобатҳо дар 3 вазн, як вазн миёни мардон ва ду вазн миёни занон сурат гирифт.
Дар ин рӯз кишвари моро 5 варзишгар муаррифӣ карданд, ки инҳо Муҳиддин Асадуллоев бо Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни 73 кг миёни мардон, Александра Кан ва Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни 57 кг миёни занон ва ҳамчунин Ҷонона Назарова дар вазни 63 кг буданд.
Мутаассифона рӯзи дуюм барои варзишгарони мо на он қадар хуб буд, чун аллакай аз 5 варзишгар 4-тоаш аз идомаи мусобиқа маҳрум гашт.
Илҳомиддин Ҷабборов дар даври аввали вазни 73 кг миёни мардон аз варзишгари бетараф Абубакр Юсупов шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид.
Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг дар даври якум озод буд ва дар даври дуюм бо варзишгари бетараф Магомед Маштаев барои баромадан ба даври сеюм мубориза хоҳад бурд.
Раҳмия Ханҷарбекова ҷудокорбонуи тоҷик дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба Ҷудо миёни наврасон дар вазни то 57 кг аз намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Нам Юри шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Дар ҳамин вазн варзишгарбонуи дигари мо Александра Кан дар даври аввал варзишгари турк Карадоғ Айсенурро бо имтиёзи иппон мағлуб карда, ба даври дуюм баромад. Дар даври дуюм бо ҷудокори ҳиндустонӣ Навруп рақобат карда, ӯро ҳам шикаст дод ва даври сеюм баромад. Александра ҳарду рақибашро бо имтиёзи иппон шикаст дод. Александра дар даври сеюм бо ҷудокорбонуи озарӣ Фидан Ализода сабқат карда, шикаст хӯрд ва ӯ ҳам аз идома мусобиқа бенасиб монд.
Ҷонона Назарова дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз намояндаи Хорватия Ника Маркулин бо гирифтани 3 шидо мағлуб шуд.
Рақобатҳои дигар идома меёбанд ва соати 16 дидорҳои даври ниҳоии рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба Ҷудо миёни наврасон оғоз мегардад.

Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
Иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ”
Участие в Третьем саммите диалога Азиатского сотрудничества под названием «Спортивная дипломатия»
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Таджикистан #Tajikistan #Тоҷикистон #Президент #Таджики #Tajiks #Қатар #Катар #Qatar #ACD
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба Ҷудо миёни наврасон, рақобатҳо дар 3 вазн доир гардид.
Мардҳо дар вазни 81 кг ва 90 кг, занҳо бошанд дар вазни 70 кг байни ҳам сабқат карданд.
Дар рӯзи сеюми мусобиқа Тоҷикистон 5 нафар варзишгар муаррифӣ карданд.
Дар вазни 81 кг Аминҷон Абдуҷалилзода, Сунатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода рақобат намуданд.
Мусохон Ғаниев ва Музамир Каримзода бошанд дар вазни то 90 кг Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Аз ин 5 варзишгар танҳо ду нафар Муҳаммад Юсуфзода ва Сунатулло имкон пайдо карданд то аз марҳилаи муқаддамотӣ ба марҳилаи финалӣ роҳ ёбанд.
Сунатулло то ба даври ниманиҳоӣ баромад ва дар ин давр аз Лука Ҷавахашвилӣ шикаст хӯрд. Ҳамакунун Сунатулло Мусоев барои медали биринҷӣ бо Азат Кумбасайи қазоқ гуштин мегирад.
Муҳаммад Юсуфзода ҳам аз Ҷавахашвилӣ шикаст хӯрд, вале ӯ дар даври якчорниҳоӣ. Пасон Муҳаммад ба даври тасалобахш рафта, дар ин давр бар ҷудочии бразилӣ Алмеида пирӯз гардид ва ӯ ҳам барои нишони биринҷӣ бо варзишгари озарӣ Сулаймон Шукуров мубориза хоҳад бурд.

👍1