Радиои Тоҷикистон
163 subscribers
4.73K photos
147 videos
2 files
6.75K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПРЕЗИДЕНТИ КУМИТАИ МИЛЛИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПРЕЗИДЕНТИ ФАХРИИ ФЕДЕРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГӮШТИНГИРӢ ИХТИХОБ ГАРДИДАНД.
Муллораҷаб Халифаев, паҳлавони хушноми тоҷик дар вазни -65 кг барандаи нишони тиллои аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштингирӣ дар шаҳри Душанбе гардид. Муборак бошад.
Иштирок дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе

Участие в церемонии открытия первого Чемпионата мира по гуштингири в Душанбе

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Таджикистан #Tajikistan #Тоҷикистон #Президент #Таджики #Tajiks #Тоҷикон #Dushanbe #Душанбе

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Масъуди Аҳмадзод дар вазни -71 кг. чемпиони Ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардид.
Муборак бошад!!!

Масуди Ахмадзод стал чемпионом Мира по Гуштингири в весе -71 кг.
Поздравляем!!!

Masudi Ahmadzo in the -71 kg weight class became the world champion in Gushtingiri.
Congratulations!!!
@RustamEmomali
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг ва соҳиби медали нуқра гардид.  Ин сеюмин ғолибияти варзишгарон мо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе.
Муборак бошад!
3 медали тилло ва 1 нуқра натиҷаи варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ!
Имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ баргузор гардид.
Дар рӯзи якуми мусобиқа варзишгарони тоҷик бениҳоят натиҷаи хуб нишон доданд. 4 варзишгари тоҷик дар вазнҳои мухталиф барандаи медалҳои мусобиқа гардиданд.
Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг бо шикаст додани рақибаш аз Русия, Абрек Нагучев аввалин қаҳрамони Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштингирӣ дар вазни мазкур гардид.
Дар баробари Муллораҷаб, ҳамчунин Масъуди Аҳмадзод дар вазни 71 кг дар финал Дилшод Бӯриеви ӯзбекро шикаст дода, аввалин қаҳрамони ин вазн дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштингирӣ гардид.
Дар миёни сангинвазнҳои мусобиқаи гӯштингирӣ, дар финал варзишгарони ҳамсоякишвар Шакармамад Мирмамадов гуштингири тоҷик ва варзишгари ӯзбек 5 карата қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштини Кураш - Муҳсин Ҳисомидинов бо ҳам барои қаҳрамонӣ мубориза бурданд. Дар ин мубориза Шакармамад Мирмамадов қаҳрамон гардид.
Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кг миёни бонувон то ба финал баромада, дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштингирӣ бо варзишгари ӯзбек Гӯлноза Матниёзова рақобат намуд ва мағлуб гардид. Ӯ соҳиби медали нуқраи мусобиқа шуд.
Ба ҳамин тартиб рӯзи аввали мусобиқа ба охир расид. Фардо 31-уми август дар вазнҳои дигар мусобиқа идома меёбад.
Қаҳрамонии варзишгаронамон ба кулли мардуми тоҷик муборак бошад!
Зоирзода Рустам
радиои "Тоҷикистон"
👍1