Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Қосим Жомарт Тоқаев баргузор гардид.
Имрӯз дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев баргузор гардид.
Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои мамлакат Иди тарбуз, харбуза ва каду доир гардид.
Дар он кишоварзони ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуда, навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза ва кадуро ба намоиш-фурӯш гузоштанд.
Мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва мубодилаи таҷрибаи якдигар дар парвариши ин маҳсулоти полезӣ мебошад.
Дар мамлакат имсол баргузории зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шуда, таҷлили ин гуна идҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.