Радиои Тоҷикистон
164 subscribers
4.72K photos
147 videos
2 files
6.74K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон https://radiotoj.tj/?p=35449
Сомон Маҳмадбеков бозиҳои тобистонаи олимпиро бо пирӯзӣ оғоз намуд.
Сомон Маҳмадбеков паҳлавони номошнои тоҷик дар даври аввали бозиҳои тобистонаи олимпӣ, аз риштаи ҷудо дар вазни 81 кг озод буда, дар даври дуюм рақибаш аз Фаластин Фарес Бадавиро бо имтиёзи иппон шикаст дод ва ба даври 3-юм роҳ ёфт.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Сомон бо Франк Де Вит аз Нидерланд гӯштин мегирад.
Сомон Маҳмабеков баъд аз 16 сол аз риштаи ҷудо дигарбора барои Тоҷикистон аз бозиҳои олимпии тобистона медали олимпӣ меорад.
Сомон Маҳмедбеков барои ба даст овардани медали биринҷии бозиҳои олимпӣ аз риштаи ҷудо дар вазни 81   бо Антонио Эспосито аз Италия гуштин гирифта, хушбахтона тавонист бо имтиёзи иппон пирӯз гардад ва аввалин мадалро барои Тоҷикистон аз бозиҳои олимпии тобистонаи Париж-2024 соҳиб гардад.
Ёдовар мешавем, ки 17 сол пеш дар бозии олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев тавониста буд, аз риштаи ҷудо барои Тоҷикистон медали олимпӣ орад.
Пирӯзии таърихии Сомон ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон муборак бошад.
       Рустами Зоир
      Радиои "Тоҷикистон"
👍2