Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon
Ташрифи Ван И ба вазорати корҳои хориҷӣ
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Баъд аз маросими аксгирии якҷоя мулоқоти як ба яки вазирони хориҷии Тоҷикистону Чин сурат гирифта истодааст.

Мулоқоти ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Чин
Имрӯз баъд аз мулоқоти як ба яки вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, вохӯрии ҳайатҳои васеи ду кишвар сурат гирифт. Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И аз рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва ба марҳилаи нав ворид шудани он, бо қаноатмандӣ ёдовар шуданд.
Баъд аз дидори ҳайатҳо, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид.