Радиои Тоҷикистон
166 subscribers
4.69K photos
147 videos
2 files
6.71K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» оғоз гардид.
Дар форум вазири фарҳанги кишвар Матлубхон Сатториён, мушовири бахши ёрдамчиёни Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, мусиқашиносон аз дохил ва хориҷи кишвар, профессорони шашмақом ва дӯстдорони ин навъи мусиқи иштирок доранд.
Аз 20 то 25 май таҳти  унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

С 20 по 25 мая пройдёт Неделя науки, технологий, инноваций и изобретений подростков и молодёжи города Душанбе «Душанбе – умный город».

The "Dushanbe - smart city" week of science, technologies, innovations and inventions of teenagers and youth of Dushanbe will be held from May 20 to 25.
https://t.me/RustamEmomali
11 май дар Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии оила дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» доир гардид.

11 мая в национальном комплексе «Маркази оши палов», в честь Международного Дня семьи по инициативе Комитета по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан в сотрудничестве с Министерством юстиции Республики Таджикистан, Комитетом религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан состоялся заключительный тур республиканского конкурса «Образцовая семья».

On May 11, in the national complex "Markazi oshi palov" in honor of International Family Day on the initiative of the Committee on Women and Family Affairs under the Government of the Republic of Tajikistan in cooperation with the Ministry of Justice of the Republic of Tajikistan, the Committee on Religion, Ordering of Traditions, Celebrations and Rites under the Government of the Republic of Tajikistan held the final round of the republican contest "Model Family".
https://t.me/RustamEmomali
Имруз дар ноҳияи зебоманзари Данғара мусобиқаи анъанавӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид, ки дар он наздики 100 паҳлавони беҳтарини кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Русия ва Қирғизистон ширкат намуданд. Мусобиқа бо шукӯҳу шаҳомати баланд ва рақобатҳои диданӣ доир шуд, ки тантанаи иди гуштини миллӣ эҳсос мегардид. Нерӯсанҷиҳо дар 3 вазн, - 65, - 86 ва + 86 кило роҳандозӣ шуда буд.  Бо гузашти 5 соат ин мусобиқа ба анҷом расид ва беҳтаринҳо сазовори нишон ва мукофоти молӣ шуданд.

Ғолибони мусобиқаи гӯштини Данғара 2024:

Вазни 65 кг
🥇 Сӯҳроб Боқиев (Тоҷикистон)
🥈 Хайрандеш Муродзода (Тоҷикистон)
🥉 Артём Штурбабин (Узбекистон)
🥉Сорбон Латифов (Тоҷикистон)

Вазни 86 кг
🥇Аҳрор Зиёдуллоев (Узбекистон)
🥈Самандарбек Садиров (Узбекистон)
🥉Умар Бозоров (Узбекистон)
🥉 Муҳаммадҷон Лоиқов (Тоҷикистон)
Вазни +86 кг
🥇 Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)
🥈 Муҳсин Исомиддинов (Узбекистон)
🥉 Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
🥉Антон Брачов (Русия)

Маврид ба зикр аст, ки ғолибони вазнҳо бо маблағҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҷои якум 5 000 доллар, ҷои дуюм 3 000 ва ҷои сеюм 1 500 доллари амрикоӣ.

Лозим ба ёдоварист, ки имсол дар Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон аз риштаи Гуштингирӣ ба нақша гирифта шудааст ва умедворем, ки аввалин Чемпионати ҷаҳон хотирмон хоҳад гузашт.
Некруз Саторов
Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс бо директори департаменти фурӯши хориҷии “Rexgen co LTD” баргузор гардид.

Сегодня, в зале Исполнительного органа государственной власти города Душанбе, состоялась встреча заместителя Председателя города Душанбе Саидзоды Фирдавса с директором департамента внешних продаж компании «Rexgen co LTD».

Today, in the hall of the Executive body of state power of Dushanbe city the meeting of the deputy Chairman of Dushanbe city Saidzoda Firdavs with the director of external sales department of "Rexgen co LTD" has taken place.
https://t.me/RustamEmomali