Радиои Тоҷикистон
163 subscribers
4.73K photos
147 videos
2 files
6.75K links
Kанали расмии Pадиои "Тоҷикистон"
Download Telegram
4 варзишгари тоҷик дар ду вазн барои медали Гранд слами Душанбе рақобат мекунанд
Дар рӯзи аввали аввалин мусобиқаи мӯҳташами Grand-Slam, ки дар вазнҳои -60, -66 кило миёни мардҳо ва -48, -52, -57 кг рақобатҳо сурат гирифт, 4 паҳлавони тоҷик, маҳорати баланд нишон доданд.
Ҳамакнун ду нафар- Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Обид Ҷебов (-66кг), барои медали тилло ва ду нафари дигар: Ҳақдод Гулов (-60кг), Муллораҷаб Халифаев (-66кг). барои медали рақобат мекунанд. Ин шом рақобатҳои даври финалӣ соати 17-00 баргузор мешавад.
Ёдрас мекунем, дар мусобиқаи мазкур наздики 70 кишвари иштирокчӣ ба қайд гирифта шудааст ва шумораи варзишгарон 390 (204 мард, 186 бону) мебошад ва мусобиқаи мазкур барои ба даст овардани холҳои олимпӣ имкон хуб аст.
Саидэҳсон Ҷалолиён,
радиои Тоҷикистон
👍1
Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Телефонный разговор Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона с Президентом Российской Федерации Владимиром Путиным

Telephone conversation between the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon and the President of the Russian Federation Vladimir Putin
👍1
Паҳлавони бомаҳорати тоҷик Ҳақдод Гулов бо рақибаш Изнаур Сааев аз дастаи бетараф барои медали биринҷии вазни -60кг рақобати тезу тунд дошт, аммо шикаст хӯрд. Ҳақдод ҷои панҷумро ишғол кард.
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон:
«(Итминон дорам), ки кӯшишҳои вақтҳои охир фаъолгардидаи баъзе неруҳои муайян барои ба таври сунъӣ шиддатнок намудани вазъ дар атрофи муҳоҷирони корӣ, ки ба Русия, аз ҷумла аз Тоҷикистон меоянд, якҷоя пешгирӣ карда мешаванд ва онҳо наметавонанд муносибатҳои бародаронаи бо вақт санҷидашудаи байни мардумони кишварро халалдор намоянд».

Владимир Путин Эмомали Рахмону:
“(Уверен,) что активизировавшиеся в последнее время попытки определённых сил искусственно нагнетать ситуацию вокруг приезжающих в Россию трудовых мигрантов, в том числе из Таджикистана, будут совместно пресекаться и не смогут нанести ущерб проверенным временем братским отношениям между народами двух стран».

Vladimir Putin to Emomali Rahmon:
“(I am) confident that the recently intensified attempts by certain forces to artificially escalate the situation around labor migrants coming to Russia, including from Tajikistan, will be jointly suppressed and will not be able to damage the time-tested fraternal relations between the peoples of the two countries.”
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Тарҳу шакли медали Гранд-Слами Душанбе 🥇
Шурӯи хуб.
Дар рӯзи дуввуми Душанбе гранд слам, дар аввалин сабқат, варзишгари тоҷик дар вазни -73 кг Абубакр Шеров ҳарифаш Рамазон Кадҷаков аз Баҳрайнро мағлуб намуда, ба даври дуввум рафт.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Муҳорибаи ғалабаовари Абубакр Шеров
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Гуштингири шинохтаамон дар вазни 73кг, Хоҷазода Беҳрӯз бо паҳлавони Баҳрайн Биаслан Блинготов рақобат намуд ва ҳарифашро аз пеши рӯ бардошт.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар даври 1/4 ниҳои паҳлавони умедбахш мо Беҳрӯз Хоҷазода  ҳарифи муғулаш Батзаяро ҳалол зад ва ба даври 1/2 ниҳои роҳ ёфт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam-2024” ба ҳайси меҳмони фахрӣ ҳузур доранд.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали присутствует в качестве почетного гостя на турнире “Dushanbe Grand Slam-2024”.

Chairman of the Majlisi Milli Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, Chairman of the City of Dushanbe honorable Rustam Emomali is present as a guest of honor at the tournament "Dushanbe Grand Slam-2024".
https://t.me/RustamEmomali
Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг медали нуқраи «Dushanbe Grand Slam 2024»-ро ба даст овард.
Муборак бошад!

Бехруз Ходжазода завоевал серебряную медаль «Dushanbe Grand Slam 2024» в весовой категории -73кг.
Поздравляем!

Behruz Khojazoda won the silver medal at “Dushanbe Grand Slam 2024” in the -73kg weight category.
Congratulations!
https://t.me/RustamEmomali
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба ғолибони вазни -73кг-и мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam-2024” медалҳоро тақдим намуданд.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали вручил медали победителям турнира “Dushanbe Grand Slam-2024” в категории до 73 кг.

Chairman of Majlisi Milli Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, Chairman of Dushanbe city honorable Rustam Emomali presented medals to the winners of the tournament "Dushanbe Grand Slam-2024" in the category up to 73 kg.
https://t.me/RustamEmomali
«DUSHANBE GRAND SLAM 2024». Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд

Имрӯз, 5 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2024» оид ба ҷудо анҷом меёбад.
Дар рӯзи охирини мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 5 вазн: -78 кг, +78 кг, байни занон ва -90 кг, -100 кг ва +100 кг байни мардон қувва меозмоянд.
Тоҷикистонро дар ин рӯз 12 ҷудочӣ муаррифӣ менамоянд.
Дар вазни -90 кг Комроншоҳ Устопириён бо Даниел Ниетои испанӣ, Шодмон Ризоев бо Эдуард Триппели олмонӣ, Акмал Муродов бо Мамедалӣ Ачюлдююеви туркман ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Бакар Эрашвилии гурҷӣ дар даври аввал гӯштин мегиранд.
Дар вазни -100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо Авсин Чандрани ҳиндӣ, Парвиз Абдураҳмонов бо намояндаи дастаи варзишгарони бетараф Анджей Павлиуков, Эмомризо Анварзода бо Синг Автари ҳиндӣ ва Кароматулло Ҳакимов бо намояндаи дастаи варзишгарони бетараф Нииаз Билолов дар даври аввал қувва меозмоянд.
Дар вазни +100 кило Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Давит Кевлишвилии испанӣ ва Анани Квадйои фаронсавӣ гӯштин мегирад. Мансур Раҳмон дар ҳамин вазн бо Шаотонг Юани чинӣ, Некрӯзшоҳ Некбахтзода бо Муҳаммал ал Маҳдии алҷазоирӣ ва Шарифҷон Назриев бо Мансур Муҳиддинови узбек дар даври аввал гӯштин мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду рӯзи мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов  (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ва Беҳрӯзи Хоҷазода (дар вазни -73) медали тилло ба даст оварданд.