САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
432 subscribers
569 photos
93 videos
6 files
89 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот, рушди бозори металлҳои қимматбаҳо ва диверсификатсияи захираҳои аҳолӣ фуруши сабикаҳои ченакии тиллоро бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба роҳ мондааст.

Сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар корхонаҳои холискории Metallor Technologies SA Швейтсария, ки дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қимматбаҳои Лондон ва сифати байналмилалии London Good Delivery бо иёри 999,9 мебошанд, тайёр карда шудаанд.

Нархи фурӯш ва бозхариди сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза бо пули миллии сомонӣ дар асоси фиксинги пагоҳирӯзии иттиҳоди бозори филизоти қимматбаҳои Лондон муқаррар карда шуда, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон
www.nbt.tj ҷойгир карда мешаванд.

Сабикаҳои ченакӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар хазинаи воқеъ дар шаҳри Душанбе хиёбони Рудакӣ 23/2 ва шуъбаҳои минтақавӣ дар шаҳрҳои: Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва шаҳраки Ғарм, инчунин аз ҷониби бонкҳои ҷумҳурӣ фурӯхта мешаванд.

Маълумоти муфассалро метавонед тавассути рақамҳои 44 600 32 77 пайдо намоед.
Дӯстони арҷманд!

Бонки миллии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.

Ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳоятон Шумо метавонед ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муроҷиати Шумо ҳатман баррасӣ гардида, аз натиҷааш кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон ба Шумо маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
___

Ба саҳифаи мо обуна шуда якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони гиромӣ!

Баҳри Шумо вобаста ба "Қарз" маълумот манзур менамоем.
_
Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
Модарони гиромӣ!

Шуморо бо ҷашни фархундаи "Рӯзи модар" табрик намуда, ба Шумо хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоем.

Рӯзи модар муборак бошад!
Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон қисми муҳими ҳар як низоми молиявӣ барои таъмини фаъолияти босамари он маҳсуб меёбад – он на танҳо истеъмолкунандагони мавҷударо ҳимоя менамояд, балки истеъмолкунандагони эҳтимолиро низ тавассути таҳким бахшидани эътимоди онҳо ба низоми молиявии мамлакат ҳавасманд мегардонад.
“Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ”
17 марти соли 2025 пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ дар Федератсияи Русия, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия, муҳтарам Владимир Путин “Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Русия, Вазорати молияи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ” ба имзо расид.
Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/578020/
Дӯстони азиз!

Шуморо бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осударо орзумандем!
Норак, пешвоз гир!

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии шаҳри Норак ба наздикӣ чорабинии бошукӯҳи "Фестивали саводнокии молиявӣ" баргузор мегардад!

Ин имконияти беҳамто барои пайдо намудани маълумот оид ба идоракунии мақсадноки маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷотҳо ва як қатор маслиҳатҳои молиявии дигар мебошад!
Фестивали саводнокии молиявӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор карда мешавад.

Мақсад аз баргузории фестивали саводнокии молиявӣ - васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб мебошад.

Ҳадафҳои фестивали саводнокии молиявӣ:

- Ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ;

- Шиносоии иштирокчиён бо хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртавӣ ва омӯзишӣ;

- Пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ.
Дӯстони гиромӣ, имрӯз ба Шумо якчанд тавсияҳоро оид ба идоракунии маблағҳо манзур менамоем.

1. Хароҷотии худро муайян кунед: Аввалан, тамоми манбаъҳои даромад ва хароҷоти ҳатмии худро (иҷора, пардохтҳои коммуналӣ, қарзҳо ва ғайра) қайд кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки фаҳмед, чӣ қадар маблағ барои дигар эҳтиёҷот мемонад.

2. Нақшаи буҷетӣ тартиб диҳед: Хароҷотҳои худро ба категорияҳо тақсим кунед (озуқаворӣ, нақлиёт, фароғат ва ғайра) ва барои ҳар категория меъёр (лимит) муқаррар кунед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки хароҷотҳоро назорат кунед ва аз ҳад зиёд харҷ накунед.

3. Қоидаи 50/30/20-ро истифода баред: 50% даромадро барои хароҷотҳои ҳатмӣ, 30% барои хароҷотҳои дилхоҳ ва 20% барои пасандозҳо ва пардохти қарзҳо ҷудо кунед.

4. Хароҷотҳоро пайгирӣ кунед: Мунтазам назорат кунед, ки буҷети шумо чӣ гуна иҷро мешавад. Инро дастӣ ё бо истифода аз барномаҳои идоракунии молиявӣ иҷро кунед.

5. Аз хариди импулсивӣ худдорӣ кунед: Пеш аз он ки хариди ногаҳонӣ анҷом диҳед, фикр кунед, ки оё воқеан ба он ниёз доред ё не. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки аз хароҷотҳои нолозим худдорӣ кунед.

6. Пасандозҳоро ба таври худкор (автоматӣ) аз корти маошӣ ба суратҳисоби пасандозӣ гузаронед: Пас аз гирифтани маош худкорона пулро ба ҳисоби пасандоз гузоред. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки пасандозҳоро пайваста зиёд кунед.

7. Буҷетро мунтазам бознигарӣ кунед: Вазъияти молиявии шумо метавонад тағйир ёбад, бинобар ин муҳим аст, ки буҷетро мунтазам бознигарӣ кунед ва ба он тағйирот ворид кунед.

Бо риоя кардани ин тавсияҳо, Шумо метавонед буҷети худро самараноктар идора карда, ба ҳадафҳои молиявии худ ноил шавед!
Дӯстони азиз!

Барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии худ тавсияҳои зеринро иҷро кунед:

1. Омӯзиши идоракунии маблағҳои шахсӣ (тартибдиҳии буҷет, назорати даромад ва хароҷот, гузоштани ҳадафи молиявӣ);

2. Омӯзиши маҳсулоти молиявӣ (доштани маълумот оид ба қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, сармоягузорӣ ва суғурта, то ки тавонед қарорҳои оқилона қабул кунед);

3. Хонед ва омӯзед (аз хабарҳои иқтисодӣ ва молиявӣ огаҳ бошед, китобҳо вобаста ба саводнокии молиявӣ мутолиа кунед ва дар семинарҳову тренингҳо фаъолона иштирок намоед);

4. Истифодаи барномаҳои молиявӣ (барномаҳои замонавӣ ба Шумо дар банақшагирӣ ва назорати маблағҳои худ, таҳлили хароҷот ва ёфтани роҳҳои беҳтарини пасандоз кӯмак мерасонанд);

5. Ба фестивали саводнокии молиявӣ ташриф оред, зеро дар чорабинии мазкур Шумо метавонед бо мутахассисон машварат кунед, вобаста ба маҳсулоти ташкилотҳои молиявӣ маълумот пайдо намоед ва дар бурди тӯҳфаҳо иштирок намуда, туҳфаҳои хотирмонро ба даст оред!

Якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баланд бардошта, ояндаи устувор ва боварии худро дар ҳар гуна вазъи иқтисодӣ таъмин намоед!