САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
432 subscribers
568 photos
93 videos
6 files
89 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Пардохтҳои ғайринақдӣ – пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.

Аз истифодаи чунин пардохтҳо баҳра бурда ба рушди иқтисоди кишвари азизамон саҳмгузор бошед!
Баргузории фестивали "Саводнокии молиявӣ" дар ноҳияи Спитамен. Муфассал: https://www.facebook.com/share/p/1FGhjhxCr6/
Дӯстони гиромӣ!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар маҷмуъ 65 ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла:

15 бонки анъанавӣ;
1 бонки исломӣ;
1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ;
22 ташкилоти амонатии қарзии хурд;
3 ташкилоти қарзии хурд;
23 фонди қарзии хурд

Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баланд бардоред!
Артиши Миллӣ дар ҳар давру замон чун кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Бигзор Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шарифи Ватани азизамон боқӣ бимонад!

Ид муборак ҳамдиёрони азиз!
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот, рушди бозори металлҳои қимматбаҳо ва диверсификатсияи захираҳои аҳолӣ фуруши сабикаҳои ченакии тиллоро бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба роҳ мондааст.

Сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар корхонаҳои холискории Metallor Technologies SA Швейтсария, ки дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қимматбаҳои Лондон ва сифати байналмилалии London Good Delivery бо иёри 999,9 мебошанд, тайёр карда шудаанд.

Нархи фурӯш ва бозхариди сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза бо пули миллии сомонӣ дар асоси фиксинги пагоҳирӯзии иттиҳоди бозори филизоти қимматбаҳои Лондон муқаррар карда шуда, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон
www.nbt.tj ҷойгир карда мешаванд.

Сабикаҳои ченакӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар хазинаи воқеъ дар шаҳри Душанбе хиёбони Рудакӣ 23/2 ва шуъбаҳои минтақавӣ дар шаҳрҳои: Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва шаҳраки Ғарм, инчунин аз ҷониби бонкҳои ҷумҳурӣ фурӯхта мешаванд.

Маълумоти муфассалро метавонед тавассути рақамҳои 44 600 32 77 пайдо намоед.
Дӯстони арҷманд!

Бонки миллии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.

Ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳоятон Шумо метавонед ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муроҷиати Шумо ҳатман баррасӣ гардида, аз натиҷааш кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон ба Шумо маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
___

Ба саҳифаи мо обуна шуда якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони гиромӣ!

Баҳри Шумо вобаста ба "Қарз" маълумот манзур менамоем.
_
Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
Модарони гиромӣ!

Шуморо бо ҷашни фархундаи "Рӯзи модар" табрик намуда, ба Шумо хонаи обод, бахту иқболи нек, файзу баракат ва дар ҳаёти оилавӣ меҳру муҳаббати самимӣ орзу менамоем.

Рӯзи модар муборак бошад!