САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
433 subscribers
567 photos
93 videos
6 files
89 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Дӯстони гиромӣ!

Оё медонед, ки амонат ва пасандоз аз якдигар куллан фарқ мекунанд?

Ба самъи Шумо мерасонем, ки амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд.

Пасандоз бошад, маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст.

Яъне, агар Шумо амонат гузоред, пас ба ташкилоти қарзии молиявӣ маблағ барои нигаҳдориаш месупоред, вале агар пасандоз гузоред, ташкилоти қарзии молиявӣ барои истифодаи он ба Шумо фоизи муайян пардохт мекунад.

Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландттар бардоред!
Саводнокии молиявӣ – ин маҷмӯи маълумотҳои асосӣ вобаста ба молия, фаъолияти бонкӣ ва суғурта мебошад, ки ба шахс имконият медиҳад, то маҳсулоти молиявии заруриро дуруст интихоб карда, амалиётҳои шубҳанок ва хусусияти қаллобидоштаро муайян карда тавонад.

Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
Дӯстони азиз!

Саводнокии молиявӣ барои ҳамагон маҳорати муҳим аст, зеро омӯзиши идоракунии маблағҳои худ ба Шумо кӯмак мекунад, ки аз қарз канорагирӣ карда, мустақилияти молиявиро ба даст оред.

Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред, зеро ҳамаи донишҳо муҳиманд, аммо дониши молиявӣ муҳимтар!
Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ яке аз масъалаҳои стратегии сатҳи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгар дар ҳалли муаммоҳои вобаста ба саводнокии молиявии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад, зеро ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

_
Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
Ташкилоти қарзӣ - шахси ҳуқуқие (бонк, ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилоти маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиётҳои бонкии дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Агар Шумо хохед, ки маблағи муайянеро пасандоз намоед, хубтар аст, ки ҳар моҳ миқдори маблағи муайянро ҷудо намуда, онро пасаноз намоед. Ин усул нисбат ба пасандоз намудани пули калон дар як вақти кутоҳ осонтар аст. Инчунин, Шумо метавонед маблағи хурдро низ дар бонк пасандоз гузоред.