САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
432 subscribers
568 photos
93 videos
6 files
89 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Ҳамватанони азиз!

Ба самъи Шумо мерасонем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаллобони молиявӣ аз номи Бонки миллии Тоҷикистон эълонҳои бардурӯғ вобаста ба бозпас гардонидани маблағҳои тасарруфшударо паҳн карда истодаанд!

Ёдрас месозем, ки эълонҳои зикршуда ба Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқ надоранд, бинобар ин ба онҳо бовар накунед ва ба шахсони бегона маълумотҳои шахсии худро, аз ҷумла: ному насаб, рақами корти бонкӣ ва рамзҳои махфие, ки тавассути СМС паём ворид мегарданд, пешниҳод насозед!

Барои маълумоти муфассал метавонед ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути рақами 44 600 15 20 тамос гиред.

Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии Шумо танҳо дар дасти Шумост!
Дӯстони азиз!

Аз қаллобони молиявӣ эҳтиёт буда, ҳеҷ гоҳ маълумоти махфии худро ба шахсони бегона пешниҳод насозед!

Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии Шумо дар дасти худи Шумост!

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон: 446001520
Ҳамватанони азиз!

Хотиррасон мекунем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Танзими асъор ва назорати асъор" амалиёти мубодилаи асъор танҳо дар бонкҳо бояд ба анҷом расонида шавад.

Инчунин, пас аз ба анҷом расонидани амалиёти мубодилаи асъор гирифтани расидро фаромӯш насозед.

Телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон: 446001520
Дӯстони гиромӣ!

Оё медонед, ки амонат ва пасандоз аз якдигар куллан фарқ мекунанд?

Ба самъи Шумо мерасонем, ки амонат - маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд.

Пасандоз бошад, маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст.

Яъне, агар Шумо амонат гузоред, пас ба ташкилоти қарзии молиявӣ маблағ барои нигаҳдориаш месупоред, вале агар пасандоз гузоред, ташкилоти қарзии молиявӣ барои истифодаи он ба Шумо фоизи муайян пардохт мекунад.

Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландттар бардоред!
Саводнокии молиявӣ – ин маҷмӯи маълумотҳои асосӣ вобаста ба молия, фаъолияти бонкӣ ва суғурта мебошад, ки ба шахс имконият медиҳад, то маҳсулоти молиявии заруриро дуруст интихоб карда, амалиётҳои шубҳанок ва хусусияти қаллобидоштаро муайян карда тавонад.

Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
Дӯстони азиз!

Саводнокии молиявӣ барои ҳамагон маҳорати муҳим аст, зеро омӯзиши идоракунии маблағҳои худ ба Шумо кӯмак мекунад, ки аз қарз канорагирӣ карда, мустақилияти молиявиро ба даст оред.

Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред, зеро ҳамаи донишҳо муҳиманд, аммо дониши молиявӣ муҳимтар!
Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ яке аз масъалаҳои стратегии сатҳи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгар дар ҳалли муаммоҳои вобаста ба саводнокии молиявии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад, зеро ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

_
Ба саҳифаи мо обуна шуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!