САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
434 subscribers
567 photos
93 videos
6 files
89 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
«Болишти бехатарии молиявӣ» ин маблағи захирашудае мебошад, ки барои ҳифзи вазъи молиявии Шумо дар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ба монанди аз даст додани кор, хароҷоти ногаҳонии тиббӣ ё дигар ҳодисаҳои ғайричашмдошт пешбинӣ шудааст.

Як миқдори муайяни маблағро, ки барои хароҷот дар давоми 3-6 моҳ зарур аст, захира намоед. Беҳтар аст, ки маблағҳои мазкурро дар ҳисоби пасандозии алоҳида нигаҳ доред, то ки онҳо ҳамеша дастрас бошанд, вале барои ниёзҳои ҳаррӯза сарф нашаванд.

Фаромӯш накунед, ки захираи «болишти бехатарии молиявӣ»-и худро мунтазам пурра намуда, онро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доред, зеро ин кафолати мустақилияти молиявии Шумо мебошад.

—-

Подушка финансовой безопасности — это резерв денежных средств, который служит для защиты вашего финансового положения в случае непредвиденных обстоятельств, таких как потеря работы, внезапные медицинские расходы или другие неожиданные события. Создание такой подушки позволяет сохранить стабильность и спокойствие в сложные моменты.

Рекомендуется накопить сумму, равную вашим тратам за 3-6 месяцев, чтобы чувствовать себя уверенно даже в нестабильные времена. Накопления лучше хранить на отдельном сберегательном счёте, чтобы они всегда были доступны, но не тратились на повседневные нужды.

Не забывайте регулярно пополнять свою подушку безопасности и поддерживать её на необходимом уровне — это залог вашего финансового благополучия и уверенности в будущем.
💬Дар ҳаёти ҳар як шахс метавонад ҳолатҳои ғайричашмдошт, ба мисли хароҷоти фаврии тиббӣ, аз даст додани кор, зарурати таъмири манзил ё дигар ҳолатҳо рух диҳанд. Дар чунин ҳолатҳо маблағи пасандозшуда мушкили молиявии Шуморо осон менамояд.

📊 Ҳатто ба маблағи кам низ пасандоз намудан бо гузашти вақт метавонад ҳамчун "болишти бехатарии молиявӣ" ба Шумо кӯмак намояд.

🧠 Саводнокии молиявӣ ва малакаи идоракунии пул асоси ояндаи устувор аст. Бинобар ин, пасандозкуниро аз имруз оғоз намоед, то фардо аз ҷиҳати молиявӣ мустақил бошед!

--------

💬В жизни каждого человека могут возникнуть непредвиденные ситуации, будь то срочные медицинские расходы, потеря работы или необходимость ремонта жилья. Накопления дают уверенность и финансовую защиту в таких случаях.

📊 Регулярное откладывание даже небольших сумм может значительно улучшить ваше финансовое состояние со временем. Это создаёт подушку безопасности, которая позволяет чувствовать себя увереннее и спокойнее.

🧠 Финансовая грамотность и умение управлять своими деньгами – это основа для стабильного будущего. Начните делать накопления уже сегодня, чтобы завтра вы могли чувствовать себя уверенно!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Ҳамватанони гиромӣ!

Вақтҳои охир қаллобони молиявӣ бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда истодаанд. Мақсади асосии онҳо – тасарруф намудани маблағ аз кортҳои бонкии Шумо мебошад!

Бинобар ин, маълумоти корти бонкии худ, бахусус рақами корт, муҳлати амал, ПИН-рамз, CVV (яъне 3 рақами паси корт), инчунин СМС паём бо рамзҳои махфӣ ё акси корти бонкии худро ба шахсони сеюм дастрас насозед.

Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии Шумо дар дасти худи Шумост!
✍️Банақшагирии хароҷот — калиди асосӣ барои расидан ба мустақилияти молиявӣ!

Банақшагирии дурусти хароҷот ба Шумо на танҳо барои назорат кардани маблағҳоятон кӯмак менамояд, балки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои молиявӣ мусоидат мекунад.

Банақшагирии хароҷот ин маҳдудият набуда, роҳи расидан ба озодии молиявӣ мебошад!

Бинобар ин, хароҷотҳоятонро аз имрӯз ба нақша гирифта, қадаме ба самти эътимоднокӣ гузоред. 👣

-----

✍️Планирование расходов — ключ к финансовой независимости!

Грамотное планирование расходов помогает не только контролировать свои финансы, но и приближает вас к достижению финансовых целей.

Планирование расходов — это не ограничение, а путь к финансовой свободе!

Поэтому начните планировать свои расходы уже сегодня и сделайте уверенный шаг к стабильности. 👣
Дӯстони азиз!

Дар низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 16 ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) фаъолият менамоянд, аз ҷумла:

1 – ташкилоти суғуртавии давлатӣ;
15 – ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ (аз ин теъдод як ташкилоти суғуртавӣ ба фаъолияти азнавсуғуртакунӣ низ машғул мебошад).

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 октябри соли 2016, №408 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, №851 ваколати танзиму назорати суғуртавӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Саводнокии молиявӣ – асоси иқтисодиёти устувор аст. Вақте ки аҳолӣ идора кардани молияи шахсиро мефаҳманд, онҳо қарорҳои асоснок қабул карда, бо ин васила некӯаҳволии онҳо беҳтар шуда ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунанд.

Бинобар ин, сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардошта, дар хотир доред, ки ҳамаи донишҳо муҳиманд, вале дониши молиявӣ муҳимтар!
-------
Финансовая грамотность — основа устойчивой экономики. Когда люди понимают, как управлять своими финансами, они принимают обоснованные решения, способствующие их благосостоянию и экономическому росту страны.

Обучение финансовым основам помогает избежать долгов и планировать будущее, укрепляя стабильность всей финансовой системы.

Все знания важны, но финансовые знания важнее!
Рӯзи дониш муборак ҳамдиёрони азиз!

Сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо мо баланд бардошта, ҳамеша бо талош ва кӯшишҳои беназир ба самти ҳадафҳоятон пеш биравед ва доимо сарбаланду  муваффақ бошед!
Тавсияҳо оид ба таъмини бехатарӣ аз қаллобони молиявӣ:

1. Маълумоти шахсиро ҳифз кунед: Ҳеҷ гоҳ ба шахсони сеюм маълумоти махфиро дастрас насозед.

2. Манбаъҳоро санҷед: Ба пешниҳодҳое, ки "пулҳои осон" ваъда медиҳанд, диққат диҳед. Пеш аз анҷом додани пардохт, қонунияти ширкатҳо ва вебсайтҳоро санҷед.

3. Шинохтани қаллобони молиявиро омӯзед: Агар пешниҳод хеле хуб ба назар расад, эҳтимолан ин фиребгарӣ аст. Ҳушёр бошед ва ба ҳиссиёти худ бовар кунед.

Тавсияҳои зеринро ба дӯстон ва аъзои оилаатон ирсол намоед, то ки якҷо сатҳи саводнокии молиявиатонро боз ҳам баланд бардоред!

Дар хотир доред, ки ҳамаи донишҳо муҳиманд, аммо дониши молиявӣ муҳимтар!

--------

Рекомендации по защите от финансовых мошенников:

1. Защищайте личную информацию: Никогда не передавайте конфиденциальные данные посторонним лицам.

2. Проверяйте источники: Будьте осторожны с предложениями, обещающими «легкие деньги». Перед тем как совершать платежи, убедитесь в надежности компаний и веб-сайтов.

3. Научитесь распознавать финансовые мошенничества: Если предложение кажется слишком хорошим, скорее всего, это обман. Будьте внимательны и доверяйте своей интуиции.

Поделитесь этими рекомендациями с друзьями и близкими, чтобы вместе повысить уровень финансовой грамотности!

Помните, все знания важны, но финансовая грамотность — важнее!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дӯстони гиромӣ!

Баҳри Шумо навор аз рафти фестивали саводнокии молиявӣ (FinGramFest)-ро тақдим менамоем!

Омода бошед, ба наздикӣ FinGramFest дар пойтахти кишвари азизамон, шаҳри Душанбе баргузор мегардад!
Суғуртакунӣ як намуди хизматрасонии молиявие мебошад, ки барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ, оила ва дороиҳоятон аз ҳолатҳои ғайричашмдошт истифода бурда мешавад. Моҳияти суғурта дар он аст, ки Шумо миқдори муайяни пулро, ки онро мукофоти суғуртавӣ меноманд, ба ташкилоти суғуртавӣ пардохт мекунед.

Агар ягон ҳолати суғуртавӣ, ба мисли садама, беморӣ, гумшавии молу мулк ё дигар ҳодисаҳои муайян дар ҳаёти Шумо рух диҳанд, ташкилоти суғуртавӣ барои руйпуш кардани зарарҳои бамиёномда ба Шумо ҷуброни суғуртавӣ мепардозад, ки ин хароҷотҳои молиявиро кам мекунад.

Чаро суғурта муҳим аст?

Зиндагии ҳамарӯзаи мо пур аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт аст, ки ҳангоми сарзадани онҳо ба Шумо хароҷотҳои зиёди молиявӣ пеш меоранд ва дар ин ҳолат суғурта метавонад ба Шумо эътимод бахшида, талафотҳои калони молиявиро аз хатарҳои пешгӯинашаванда таъмин намояд.
Масалан, суғуртаи тиббӣ метавонад хароҷоти тиббиро аз бемориҳои гуногун, ҷароҳати ҷисмонӣ ва дигар ҳолатҳои тиббӣ пӯшонад. Суғуртаи нақлиёт бошад, баъди ба амал омадани садама автомашинаи зарардидаро таъмир ё барқарор менамояд. Суғуртаи молу мулк (хона ва дигар амволи шахсӣ ё ҳуқуқӣ) баъди ба амал омадани ҳодисаҳои нохуш (офатҳои табиӣ, сӯхтор, боришоти зиёд, тӯфон, заминларза, тармафароӣ) инчунин, зарар дидани молу мулки дохили хонаро дар ҳама ҳолатҳо барқарор месозад.

Суғурта ташвишҳои Шуморо, вобаста ба зарарҳои эҳтимолии алоқаманди пулӣ коҳиш дода, имкон медиҳад, ки Шумо ба зиндагӣ худ диққат диҳед, на ба ташвишу барқарорсозии зарарҳои бамиёномада.
Муҳим он аст, ки Шумо бояд суғуртаро дуруст дарк карда, ҳуқуқу манфиатҳои суғуртавии худро донед!


--------

Страхование — это финансовый инструмент, который позволяет защитить себя, свою семью и имущество от непредвиденных обстоятельств. Суть страхования заключается в том, что вы регулярно вносите определенные суммы, называемые страховыми взносами, в страховую компанию. В случае наступления страхового события, будь то авария, болезнь или потеря имущества, страховая компания выплачивает вам компенсацию, которая помогает покрыть расходы и минимизировать финансовые потери.

Почему страхование важно? Жизнь полна неожиданностей, и страхование дает вам уверенность в завтрашнем дне. Оно помогает вам справиться с рисками и избежать крупных финансовых потерь в случае несчастных случаев или других неблагоприятных ситуаций. Например, медицинская страховка может покрыть расходы на лечение, страхование автомобиля — ремонт машины после ДТП, а страхование жилья — восстановление после стихийных бедствий или пожаров.

Кроме того, страхование помогает снизить стресс и беспокойство, связанные с возможными финансовыми трудностями. Это важный элемент финансовой безопасности, который дает вам возможность сосредоточиться на жизни, а не на потенциальных проблемах. Страхование — это разумный способ защитить себя и своих близких от неожиданных ударов судьбы.
Дар ҷаҳони муосир, технологияҳо дар беҳтар намудани саводнокии молиявии аҳолӣ нақши муҳим ва калидӣ мебозанд. Платформаҳои маҷозӣ (онлайн), барномаҳои мобилӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ ба ҳамагон имкон медиҳанд, ки ба осонӣ ва бе маҳдудият ба иттилооти зарурӣ дар бораи молия дастрасӣ пайдо намоянд.

Бо истифода аз технологияҳо, ҳар як шахс метавонад аз таҳсилоти молиявӣ баҳра бардорад: аз идоракунии буҷаи шахсӣ то фаҳмидани имкониятҳои сармоягузорӣ. Масалан, барномаҳои мобилӣ ба одамон кӯмак мекунанд, ки хароҷот ва даромади худро назорат намоянд, буҷет тартиб диҳанд, пасандоз намоянд, корти бонкӣ кушоянд.

Ҳамчунин, технологияҳо дар кушодани дастрасӣ ба василаи молиявии гуногун саҳм мегузоранд, ки ин барои густариши имкониятҳо барои одамон бо сатҳи даромади гуногун мусоидат мекунад. Бо ин роҳ, асбобҳои рақамӣ на танҳо сатҳи саводнокии молиявиро баланд мебардоранд, балки ба фарогирии молиявӣ низ мусоидат мекунанд.
-------
В современном мире технологии играют ключевую роль в формировании финансовых знаний и навыков. Онлайн-платформы, мобильные приложения и цифровые сервисы позволяют каждому легко и удобно получать доступ к важной информации о финансах, независимо от местоположения.

С помощью технологий можно обучаться основам финансового планирования, управлению личным бюджетом и даже инвестированию. Например, мобильные приложения помогают отслеживать расходы и доходы, а онлайн-курсы предоставляют доступ к финансовым советам и аналитике.

Вместе с тем, технологии открывают доступ к широкому спектру финансовых продуктов и услуг, что способствует расширению возможностей для людей с различным уровнем дохода. Таким образом, цифровые инструменты не только повышают уровень финансовой грамотности, но и способствуют финансовой инклюзии.
Дӯстони азиз!

Бо хушнудӣ хабар медиҳем, ки фестивали "Саводнокии молиявӣ" 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар Театри академии давлатии Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Боғи "Куруши Кабир" аз соати 11:00 то соати 22:00 баргузор мегардад!

Фестивали мазкур имконияти беҳамто барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ аст, бинобар ин ҳатман дар чорабинии мазкур ширкат варзида, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!

Дар хотир доред, ки ҳамаи донишҳо муҳиманд, аммо дониши молиявӣ муҳимтар!

----------

Дорогие друзья!

С радостью сообщаем, что фестиваль "Финансовая грамотность" состоится 28 сентября этого года в Академическом государственном театре оперы и балета имени Садриддина Айни и в парке "Куруш Кабир" с 11:00 до 22:00!

Этот фестиваль — уникальная возможность повысить уровень финансовой грамотности, поэтому обязательно примите участие в мероприятии и вместе с нами поднимите свою финансовую грамотность на новый уровень!

Помните, что все знания важны, но финансовые знания важнее!