САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
416 subscribers
600 photos
110 videos
6 files
93 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Салом дӯстон! Ба Шумо оиди Топ 5 сабаби ташриф ба фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Истаравшан маълумот манзур менамоем:

1. Намоиши хизматрасониҳои молиявӣ: Шуморо имконияти шиносоӣ бо хизматрасониҳои гуногуни молиявӣ ва маслиҳатҳои муфид аз ҷониби мутахассисони соҳа интизор аст.

2. Форуми саводнокии молиявӣ:
Баромади мутахассисони ботаҷрибаро, ки маслиҳатҳои муфид ва роҳҳои самаранок истифода бурдани маблағҳоро фаҳмондадиҳӣ менамоянд, гӯш кунед.

3. Машваратҳо дар мавзуи молия:
Аз мутахассисони соҳаи молия маслиҳатҳои ройгон дастрас намоед, то барои қабули қарорҳои дурусти молиявӣ кӯмак намоянд.

4. Бурди тӯҳфаҳо:
Дар бурди тӯҳфаҳо иштирок намуда, тӯҳфаҳои хотиравии қимматбаҳоро ба даст оред.

5. Барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ бошад ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшида, табъи Шуморо болида мегардонад.

Биёед, мо Шуморо интизорем!
👍52🔥2
Дӯстони гиромӣ!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар доираи фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ намоиши хизматрасониҳои молиявӣ баргузор карда мешавад.

Биёед ва вобаста ба маҳсулоти молиявии пешниҳодшавандаи ташкилотҳои молиявӣ маълумот пайдо намоед.

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавасути рақами 106554444
👍5🔥32
Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ – пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.

Густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.

Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкомату хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мегардад.
👍64🔥3
Ҳамватанони азиз!

Шуморо бо фарорасии Иди Саиди Қурбон муборак гуфта, ба ҳар яки Шумо сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон ва имони комил орзумандем.

Ид муборак, дӯстони гиромӣ!
👍54🔥2
Дӯстони гиромӣ!

Оё медонед, ки ҳамасола 16 июн дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии интиқоли маблағҳои оилавӣ ҷашн гирифта мешавад?

Дар ин рӯз ба Шумо тавсия медиҳем, ки маблағҳои интиқолиро самаранок истифода баред, то ба ҳадафҳои молиявии худ расида мустақилияти молиявиро ба даст оред!
👍53🔥2
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Маслиҳати мутахассис вобаста ба рӯзи байналмилалии интиқоли маблағҳои оилавӣ
👍83🔥1
Дӯстони гиромӣ!

Ба самъи Шумо меҳмонони фестивали "Саводнокии молиявӣ"-ро, ки 25 июни соли ҷорӣ дар Қасри Фарҳанги шаҳри Истаравшан баргузор мегардад, мерасонем.

Биёед ва сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо мо баланд бардоред!

Даромад ройгон аст.
👍63🔥2
Шаҳрвандони гиромӣ!

Ҳангоми истифодаи воситаҳои электронии пардохт маълумотҳои махфии корти бонкӣ ё ҳамени электрониатонро ба шахсони сеюм дастрас накунед. Аз қаллобони молиявӣ эҳтиёт бошед, зеро бехатарии молиявии Шумо дар дасти Шумост!
👍83🔥2
Дӯстони гиромӣ!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар доираи фестивали "Саводнокии молиявӣ" аз соати 14:00 то 16:00 дар дохили Қасри Фарҳанги шаҳри Истаравшан "Форуми саводнокии молиявӣ" баргузор мегардад ва дар он коршиносон вобаста ба мавзуҳои мубрами рӯз бо рӯнамо баромад карда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас мегардонанд.

Биёед ва сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар намоед!

Даромад ройгон аст.

Маълумоти муфассал тавассути рақамҳои 106554444
3👍3🔥2
Ҳамватанони азиз!

Ба Шумо баромадкунандагони форуми саводнокии молиявӣ ва мавзуҳое, ки онҳо баррасӣ менамоянд, муаррифӣ менамоем.

Сайисмонова Камила - Сармутахассиси департаменти низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон. Мавзуи баррасишаванда: "Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар заминаи технологияҳои муосир"

Иззатуллоев Беҳрӯз - Сардори шуъбаи бозрасии Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон. Мавзуи баррасишаванда: "Пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ"

Икромӣ Шаҳноз - Аъзои Раёсат, Директори департаменти рушди ҶСП Бонки "Арванд". Мавзуи баррасишаванда: "Нақши ташкилотҳои молиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ"

Сергей Малеванов - Роҳбари кор бо қаллобии транзаксионӣ ва амалиётии МТС Бонк. Мавзуи баррасишаванда: "Роҳҳои муосири қаллобии молиявӣ ва ошкор намудани он."

Биёед, мо Шуморо мунтазирем!

Даромад ройгон аст.
5👍4🔥2