САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
433 subscribers
568 photos
93 videos
6 files
89 links
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦.

🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Download Telegram
Истиқоматкунандагони шаҳри Истаравшан, Диққат!

Ба наздикӣ чорабинӣ бахшида ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ баргузор мегардад.

Ин имконияти бениҳоят хуб барои гирифтани маълумот оид ба идоракунии дурусти маблағҳо, сармоягузорӣ, банақшагирии хароҷотҳо ва як қатор маслиҳатҳои молиявии дигар мебошад!
Фестивали саводнокии молиявӣ ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор мегардад.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) гузаронида мешавад.

МАҚСАД ВА ҲАДАФҲОИ ЧОРАБИНӢ:

Мақсад аз баргузории фестивали саводнокии молиявӣ - васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб мебошад.

Ҳадафҳои фестивали саводнокии молиявӣ:
- Ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ;
- Шиносоии иштирокчиён бо хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ;
- Пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ.
Тартиб додани буҷет барои ҳар як оила нақши муҳиме дорад. Ин маҳоратест, ки барои идоракунии маблағҳои худ ва банақшагирии хароҷотҳо кӯмак мерасонад. Мутаассифона бисёр оилаҳо ба ин аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ва билохира бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Тарбияи кӯдакони аз ҷиҳати молиявӣ саводнок аз хурдсолӣ оғоз мегардад. Ба онҳо пасандозкуниро омӯхта тарзи дурусти тартибдиҳии буҷети оилавиро низ омӯзонед. Инчунин чӣ будани қарзро фаҳмонед, то ки дар оянда онҳо хабардор бошанд, ки аз ҳад зиёд қарздор будан ба кадом омилҳо оварда мерасонад.

Инчунин муҳим аст, ки масъалаҳои молиявиро дар хона муҳокима намоед. Ҳар моҳ ҷамъомадҳо гузаронида, буҷети оила, хароҷотҳо ва мақсадҳои молиявиро муайян созед. Ин ҷамъомадҳо ба оила ҷиҳати расидан ба  мақсадҳои молиявӣ кӯмак мерасонад, зеро ҳар як  аъзои оила маблағҳоро сарфакорона истифода бурда, барои расидан ба мақсад кӯшиш менамояд.

Ва билохира аз хотир набароред, ки Шумо бояд ба фарзандонатон намунаи ибрат бошед. Ба фарзандонатон нишон диҳед, чи тавр шумо пулро сарфакорона истифода мебаред,  пасандоз менамоед ва хароҷотҳои худро ба нақша мегиред.

Сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо мо баланд бардоред!
Пасандоз  – ин  даромадҳои пулии аҳолӣ, ки бо мақсади захира кардани маблағи муайян барои таъмини эҳтиёҷоти худ дар оянда пасандоз карда  мешавад.

Барои чӣ пасандоз бояд кард?

* Дар сурати ҳолатҳои ғайричашмдошт анҷом додани хариди калон (инчунин сармояи ибтидоӣ хариди амволи ғайриманқул ва автомобил);
* Пардохти ҷашнҳои гуногун, истироҳат, табобат;
* Таваллуди кӯдак, пардохти маблағи таҳсили кӯдакон, тӯйҳо ва дигар хароҷоти марбут ба кӯдакон;
* Нигоҳ доштани сатҳи арзандаи зиндагӣ ҳангоми баромадан ба нафақа.
Саводнокии молиявӣ барои ҳамагон маҳорати муҳим аст!

Омӯзиши идоракунии молияи худ ба шумо кӯмак мекунад, ки аз қарз канорагирӣ кунед ва мустақилияти молиявиро ба даст оред то ки ба ҳадафҳои худ расед.

Таъхир накунед, имрӯз оғоз кунед - асосҳои буҷетсозӣ, сармоягузорӣ ва банақшагирии ояндаи молиявии худро омӯзед.
Тибқи банди 7 боби 3 Дастурамали №241 Бонки миллии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ", пеш аз он ки шартнома оиди пешниҳоди хизматрасонӣ баста шавад, ташкилоти қарзии молиявиро зарур аст:

- ба истеъмолкунанда моҳият ва шартҳои асосии хизматрасонии мушаххаси мавриди таваҷҷуҳи ӯро фаҳмонад;

- истеъмолкунандаро бо ҳаҷми тамоми пардохтҳое, ки ба пешниҳоди хизматрасонии мавриди таваҷҷуҳи ӯ иртибот доранд, шинос намояд;

- ба истеъмолкунанда тартиби пешниҳод, раванд ва муҳлати баррасии муроҷиатро, ки аз шартнома бармеояд, фаҳмонад;

- истеъмолкунандаро дар бораи уҳдадориҳояш бо дарназардошти чораҳои таъсиррасонӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ метавонад дар ҳолати иҷро нашудани уҳдадориҳои истеъмолкунанда (ноустуворона ё ҳамагуна чораҳои дигар, ки вазъи молиявии истеъмолкунандаро бадтар месозанд), ки дар шартнома пешбинӣ шудаанд, хабар диҳад;

- истеъмолкунандаро дар бораи шакл, мунтазамӣ ва муҳлати пешниҳоди маълумот (иқтибосҳо, огоҳинома) пас аз ба имзо расонидани шартнома огоҳ созад;

- то бастани шартнома ба истеъмолкунанда имконият ва муҳлати заруриро барои шиносшавӣ бо муқаррароти шартнома пешниҳод намояд;

- дар ҳолате, ки тибқи шартҳои хизматрасонӣ зарураяти истифодабарии хизматрасонии иловагии аз ҷониби шахси сеюм пешниҳодшаванда ҷой дошта бошад, ба истеъмолкунанда интихоби чунин шахси сеюмро пешниҳод намояд.
Дӯстони азиз!

Маблағи қарзро танҳо бо мақсаде, ки дар шартномаи қарзӣ омадааст, сарф намоед.
Нагузоред, ки қарзҳои шумо зиёд шаванд.

Риояи ин қоида зиндагии шуморо осон мегардонад!
Ҳамватанони азиз!

Ба самъи Шумо мерасонем, ки фестивали Саводнокии молиявӣ 25 июни соли ҷорӣ дар Қасри Фарҳанги шаҳри Истаравшан аз соати 14:00 то 21:00 баргузор мегардад!

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавассути рақамҳои 106554444

Биёед ва сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо мо баланд бардоред!
Дӯстони гиромӣ!

Дар фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Истаравшан Шуморо бурди тӯҳфаҳои ҷолиб интизор аст!

Дар озмунҳо иштирок карда соҳиби тӯҳфа гардед!

Бо усулҳои ҷолиб якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардоред!
Муҳтарам истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ!

Тибқи талаботи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” огоҳиномаи субъекти таърихи қарз (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо таърихи қарз тартиб дода мешавад), дар бораи ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани иттилооти марбут ба ӯ ва ризоияти ӯ ба додани ҳисоботи қарз ба истифодабарандагони ҳисоботи қарз (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ризоияти субъекти таърихи қарзро барои гирифтани ҳисоботи қарз бо мақсади бастани шартномаи қарз гирифтаанд) тариқи хаттӣ ба расмият дароварда мешавад.
Оё шумо пай бурдаед, ки баъзе одамон бе талошҳои зиёд метавонад натанҳо бо даромади худ зиндагӣ кунанд, балки пасандоз ҳам дошта бошанд ва баръакс, баъзеи дигарон шабу рӯз талош доранд, аммо даромадашон ба ҳеҷ чиз намерасад, агарчи даромади гурӯҳи якум ва дуюм баробар аст?

Гап дар он аст, ки гурӯҳи якум даромад ва хароҷоти худро ҳисоб мекунанд, дар ҳоле ки дигарон ба муҳим будани банақшагирии қисми молиявии ҳаёт аҳамият намедиҳанд.

Бинобар ин, ба нақша гирифтани буҷети шахсӣ ё оилавиро мебояд оғоз кард!
Муҳтарам истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ!

Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” субъекти таърихи қарз, яъне шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки нисбати онҳо таърихи қарз тартиб дода мешавад, ҳуқуқ доранд, аз Бюрои таърихи қарз ҳисоботи ислоҳшудаи қарзро талаб кунанд, ба шарте ки ҳисоботи қарзӣ ба истифодабарандаи ҳисоботи қарз пешниҳодшуда дар натиҷаи амал ё беамалии кормандони Бюрои таърихи қарз дорои маълумоте бошад, ки ба маълумоти ба Бюрои таърихи қарз пешниҳоднамудаи манбаи иттилоот мувофиқат накунад.
Салом дӯстон! Ба Шумо оиди Топ 5 сабаби ташриф ба фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Истаравшан маълумот манзур менамоем:

1. Намоиши хизматрасониҳои молиявӣ: Шуморо имконияти шиносоӣ бо хизматрасониҳои гуногуни молиявӣ ва маслиҳатҳои муфид аз ҷониби мутахассисони соҳа интизор аст.

2. Форуми саводнокии молиявӣ:
Баромади мутахассисони ботаҷрибаро, ки маслиҳатҳои муфид ва роҳҳои самаранок истифода бурдани маблағҳоро фаҳмондадиҳӣ менамоянд, гӯш кунед.

3. Машваратҳо дар мавзуи молия:
Аз мутахассисони соҳаи молия маслиҳатҳои ройгон дастрас намоед, то барои қабули қарорҳои дурусти молиявӣ кӯмак намоянд.

4. Бурди тӯҳфаҳо:
Дар бурди тӯҳфаҳо иштирок намуда, тӯҳфаҳои хотиравии қимматбаҳоро ба даст оред.

5. Барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ бошад ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшида, табъи Шуморо болида мегардонад.

Биёед, мо Шуморо интизорем!
Дӯстони гиромӣ!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар доираи фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ намоиши хизматрасониҳои молиявӣ баргузор карда мешавад.

Биёед ва вобаста ба маҳсулоти молиявии пешниҳодшавандаи ташкилотҳои молиявӣ маълумот пайдо намоед.

Даромад ройгон аст!

Маълумоти муфассал тавасути рақами 106554444
Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ – пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.

Густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.

Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкомату хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мегардад.
Ҳамватанони азиз!

Шуморо бо фарорасии Иди Саиди Қурбон муборак гуфта, ба ҳар яки Шумо сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон ва имони комил орзумандем.

Ид муборак, дӯстони гиромӣ!
Дӯстони гиромӣ!

Оё медонед, ки ҳамасола 16 июн дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии интиқоли маблағҳои оилавӣ ҷашн гирифта мешавад?

Дар ин рӯз ба Шумо тавсия медиҳем, ки маблағҳои интиқолиро самаранок истифода баред, то ба ҳадафҳои молиявии худ расида мустақилияти молиявиро ба даст оред!
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Маслиҳати мутахассис вобаста ба рӯзи байналмилалии интиқоли маблағҳои оилавӣ